ХАБАРИ ДОҒ

Аробачаҳои маъюбӣ; Сифат муҳим ё шумора?

  • Чоршанбе, Апр 20 2022

Ҳафтаи охир бархе аз хонандагони газета, ки дар хонаводаи худ нафари маъюб доранд, ба идора занг зада, аз он шикоят карданд, ки аксари аробачаҳои маъюбӣ, ки аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва шахсони эҳсонкор дар арафаи иду ҷашнҳо тақдим мегарданд, бесифат буда, барои ҳаракат дар роҳҳои деҳот мувофиқ нестанд. Бо чунин аробачаҳо дар кӯчаҳои деҳа ва ҳавлӣ равуо кардан мушкил аст ва маъюбон бо онҳо дуруст ҳаракат карда наметавонанд. Мо тасмим гирифтем дар ин шумора ҳамин мавзуъро пайгирӣ карда, дар бораи стандартҳои аробачаҳои маъюбӣ, аз куҷо дастрас намудани онҳо ва истеҳсоли аробачаҳо дар кишвар матлабе омода намоем.

 

Аробача ҳам мӯҳлати истифода дорад!

Тавре дар суҳбат бо мухбири мо Раъно Додоҷонова, танзимгари лоиҳаҳои Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон зикр намуд, аробачаҳои маъюбӣ барои шахсони маъюб дар Тоҷикистон аслан аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

-       Аробачаҳо, ки бояд модели тиббӣ ва аз рӯи стандарти лозима сохта шуда бошанд, аз ҳисоби буҷаи давлат харидорӣ мешаванд. Ва маъмулан кормандони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи рӯйхат аробачаҳоро ба маъюбон тақдим ва тақсим мекунанд. Дар Тоҷикистон 99%-и аробачаҳои маъюбӣ модели тиббӣ доранд. Аробачаҳоро шахсони маъюб на кам аз 1,5 ё 2 сол истифода карда метавонанд. Барои маъюбон аробачаҳо барои фаъолият лозим аст ва онҳо низ мӯҳлати истифодабарӣ доранд, - афзуд Раъно Додоҷонова.

Тавре коршиносон мегӯянд, ҳангоми интихоби аробачаи маъюбӣ бояд вазн ва қаду басти маъюб ба назар гирифта шавад. Маъмулан васеъгии курсии аробача ба андозаи миёна бояд 43-46 см бошад. Агар маъюб вазни бештар дошта бошад, пас бояд аробачаеро интихоб кард, ки курсияш васеътар аст. Чархҳои аробачаҳо одатан барои ҳаракат дар шаҳрҳо ва рӯи замини ҳамвор сохта мешаванд, вале кӯчаҳои пасту баланд ва каҷу килеби деҳоти дурдастро касе ба назар намегирад. Муттаассифона, ин омилҳоро соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ ба назар намегиранд ва гоҳо аробачаҳоеро харида тақсим мекунанд, ки ба оддитарин талаботи шахси маъюб ҷавобгӯ нест.

 

Ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои дарёфт ва дастрас намудани аробачаҳои маъюбӣ аз рӯи маҳали зист пеш аз ҳама бояд ба ҷамоатҳои деҳот, пасон ба шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд муроҷиат намуд.

 

Тоҷикистон аробачаи маъюбӣ истеҳсол мекунад?

Дар шаҳри Душанбе Заводи протезию ортопедӣ тайи чанд сол аст, ки фаъолият мекунад. Тавре Шерхон Каримов, директори Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе” дар сӯҳбат бо мухбири СССР зикр намуд, воситаҳои техникии тавонбахшӣ (аробачаҳои маъюбӣ) дар корхонаи мазкур истеҳсол намешаванд, аммо ин корхона масъули воридоти аробачаҳои маъюбӣ ба кишвар аст.

-       Ҳамасола бо гузаронидани озмуни тендерӣ дар Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси маблағҳои ҷудонамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо аз Ҷумҳурии халқии Хитой ба кишвар аробачаҳои маъюбӣ ворид мекунем. Дар соли 2021 аз Ҷумҳурии халқии Хитой 1050 адад аробачаи маъюбӣ ворид карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 1000 адад аробачаҳои истеҳсоли давлати Ӯзбекистон ҳамчун кӯмак дастрас гардид. Аз 2050 адад аробачаҳои маъюбии дар соли 2021 воридшуда корхона ба ниёзмандон 1694 адад аробачаҳои тиббӣ тақсим намуд, - таъкид дошт Шерхон Каримов.

Мо мавзуъро пайгир мемонем, ки чаро мардум, новобаста ба ин қадар ғамхорӣ боз ҳам аз сифати аробачаҳо норозиянд ва чӣ кунем, ки “Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”. Мо Метавонем!

Омиронаи Сайёф,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter