ХАБАРИ ДОҒ

Хуҷанд кай соҳиби таксӣ мешавад?

  • Чоршанбе, Апр 13 2022

 

- Шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пур аз таксист. Таксиҳои якранг дилхоҳ кӯчаҳои пойтахтро пур карданд, ба ҷуз фармоиши телефонӣ, боз сари ҳар 1 қадам истодаву ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Таксиҳо имрӯз дар пойтахт ба нақлиёти асосии истифодаи умум мубаддал гаштаанд ва мушкилкушоянд.

Аммо чаро дар шаҳри дигари калони кишвар-Хуҷанд таксиҳо на ба таври кофӣ фаъолият доранду на ба мардум шиносанд? Зимни сафари ахир ба шаҳри Хуҷанд якчанд маротиба таксӣ ҷустуҷӯ намудем, вале наёфтем. Баъдан фаҳмидем, ки чанд ширкат хадамоти таксӣ доранду зери рақамҳои рамзии 666 ва 0110 фаъол. Лек ин таксиҳо мошинҳои шахсӣ буда, бидуни 1 навиштаҷоти хурди назарногири шоҳмотшакли болои сар, дигар ягон аломати таксӣ буданро надоранд.

Дар шаҳри Хуҷанд бояд хадамоти муосири хизматрасонии таксӣ фаъолият намуда, воситаҳои нақлиёти мусофиркаши таксӣ бояд 1 ранг-зард, сурх ё норинҷӣ дошта бошанд, то ин ки мусофир аз дур таксиро бубинад ва дар байни издиҳоми мошинҳо тамғаҳои гуногуни «Опел»-ҳоро накобад. Мисли талабот дар тамоми дунё сар аз Душанбе то Маскаву Парижу Ню Йорк. Воқеан ҳам ҳатто таксиҳои 3333, ки дар Кӯлоб фаолият мекунанд, зарду сафеду норинҷӣ, мисли таксиҳои пойтахт ранг шудаанд.

Барои шаҳри Хуҷанд, ки бо фарҳангу хизматрасонии хосаи хеш фарқ мекунад, надоштани таксиҳои ҳақиқӣ айб аст!

Омирона Достиева, СССР,

Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter