Дуруд ба СССР-и азиз! Совхози ба номи Киров, ҳозира хоҷагии деҳқонии ба номи Қаҳрамони Иттифоқи советӣ Саидқул Турдиев, дар замони шӯравӣ яке аз совхозҳои калони пахтакори ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Совхоз заводи пахтатозакунӣ дошту ҳосили ҷамъшуда дар ҳаминҷо коркард ва пасон содирот мегардид. Чигитро бошад ба корхонаҳои равғанкашӣ мефурӯхтанд.
Заводи пахтатозакунӣ дорои беҳтарин шароит буда, коргарон дар 3 баст кор мекарданд. Директори завод шодравон Абдухолиқ Мусоев ба Германия рафта, аз онҷо муҳандис оварда, дар паҳлӯи завод корхонаи равғанкашӣ сохт. Совхоз аз ин даромади хуб ба даст меовард.
Пас аз пошхӯрии давлати абарқудрат совхозҳо аз байн рафтанд, аз он ҷумла совхози мазкур низ. Мардум замини совхозро харида, ба ҷойи пахта ҷуворимакка ва ҷорубӣ мекоридагӣ шуданд. Соли 2021 як қисми замини совхозро кормандони стансияи ҳавосанҷӣ гирифта, дар 8 га замин ҷорубӣ кориданд. Баъд мо мегӯем, ки равған қимат шудааст, ин хел рафтан гирад, равған аз тухми анқо дида ноёфттар мешавад. Маълум, ки завои пахтатозакунӣ ва корхонаи равғанкашӣ низ аз кор монду муфлис шуд ва ҳудудаш имрӯз ба чарогоҳ табдил ёфтааст. Кош нафаре пайдо мешуду ин биноҳоро азнавсозӣ намуда, дар заминааш ягон корхонаи истеҳсолӣ бунёд мекард.
Ҳазратқул Бобохонов,
Ҷамоати деҳоти Кирови н.Вахш