ХАБАРИ ДОҒ

ЭЙ АҒБА КУНУН ШУНАВ, КИ МО ОБОДЕМ

  • Душанбе, Май 23 2022

 (Ҳикояи воқеӣ)

   Муаллим Раҳим таътили тирамоҳиро интизорӣ мекашид, зеро мехост писари чордаҳсолаашро, ки фарзанди охирон аст, ба Хуҷанд бараду аз назорати духтур гузаронад. Субҳи барвақт ҳамроҳи писараш Умед ба таксӣ нишаста, дар фурсати 1 соат ба таваққуфгоҳи мошинҳои Хуҷанд расиданд. Он ҷо ҳам интизориашон тӯл накашид. Зуд наздашон  мошини сабукрави хориҷӣ истоду онҳоро савор кардуваъда дод, ки то ҷойи лозимиашон ба шаҳри Хуҷанд бурда мерасонад. Ҳамагӣ дар давоми даҳ дақиқа мошин аз маркази ноҳия ба фарози роҳи ағбаи Шаҳристон расид ва дар ин масири роҳҳои ҳамвору пурпечутоб босуръат ба пеш мерафт.. Ба қуллаҳо назар карда, муаллим гузаштаи начандон дурро ба хотир овард:
-10 сол муқаддам айёми фасли зимистон буду ҳамсараш Азиза барои ана ҳамин писараш Умед ҳомил. Табибон дар ӯ иллати гурдаҳо ва осеби сутунмуҳраро муайян карданд. Дар шароити беморхонаи ноҳия таваллуд кардани чунин бемор бо ин гуна иллатҳо хеле хатарнок буд. Мошини УАЗ-ро киро карду озими шаҳри Хуҷанд шуданд. Аввали рӯз ҳаво офтобӣ буд. Касе гумон намекард, ки пас аз нисфирӯзӣ барф меборад. Он рӯз пас аз гузашти се соат онҳо маҳз аз гардиши нақби ҳозира ҳамагӣ 2 километр боло рафтанду халос. То ба ин ҷо расидан аллакай барфи шадид боридан гирифт.  Ҳамаи мошинҳо таваққуф карданд, зеро хабар омад, ки поёнтар тармаҳои зиёде фаромадаанд. Ба муаллиму ҳамсараш маслиҳат доданд, ки ҳарчанд хатари зиёд дорад, илоҷе кунанду ҳамин 2 гардишро пиёда убур кунанд, зеро дар поён низ мошинҳо ҳастанд, аз байни онҳо ягон таксиро киро кунанду ақаллан то Шаҳристон расанд. Муаллим, ки чораи дигар надошт, ба ин маслиҳати шариконаш розӣ шуд. Азиза зиёд роҳ гашта натавонист, зеро дар ин давраи ҳомиладорӣ пойҳояш варам доштанд ва ҳатто пойафзолхояшро базӯр мепӯшид. «Болои сӯхта намакоб» баъди даҳ-понздаҳ қадами роҳгардӣ аллакай пойафзолҳояш тар шуданд ва ҳатто ҷӯробҳояш нам кашиданд. Роҳгардӣ барояш тамоман мушкил шуд, нафасаш ҳам якка шуд. Азиза аз муаллим хост, ки андаке дам гиранд, аммо муаллим розӣ нашуд. Медонист, ки дар ин ҳолатҳо, агар одам дар ағбаҳои баланд дам гирад, он ба таъсири фишори атмосферӣ алоқаманд аст, одамро хоб бурданаш мумкин ва агар хобаш барад, дигар бедор намешавад. Аз ин рӯ, ҳамсарашро маҷбур месохт, ки роҳ гардад.
    Поёнтар чанд мошини сурху кабуд намудор гашт. 1 мошини «Нива» ҳам замони расидани онҳо нияти баргаштро дошт. Ҳарчанд ки дохилаш пури бору коло буд ва чор нафар мусофир дошт, бо далолати чанд тани дигар мусофирони ин ҷо буда ронандааш розӣ шуд, ки то Шаҳристон муаллиму ҳамсарашро савор кунад.
Аз Шаҳристон  мошини дигареро киро карду худи ҳамон шаб ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд расиданд. Духтурон ба муоинаи Азиза шурӯъ карда, гуфтанд, кӯдаки батнаш осеб дидаасту шояд бо ягон нуқсон ба дунё ояд. Илова бар иллати гурдаю сутунмуҳра як пойи Азизаро сармо зада буд. Билохира, бо нуқсони сармозадагӣ табибон 3 ангушти пойи рости Азизаро буриданд…
 Ба хотир овардани он даҳшат барояш ҳузнангез буд, вале қалбаш аз ин ободкорӣ шодию фараҳ дошт ва шукрона ҳам мекард, ки аввалин иқдоми Пешвои миллат азнавсозии роҳи Душанбе-Чаноқ, ки мардуми водии “Зарафшон”-ро аз банди азобу уқубатҳои роҳҳои ағбаҳои Анзобу Шаҳристон раҳо кард, мамлакатро ба давлати воҳид табдил дод, маҳсуб мешавад.   Бояд эътироф кард, ки дар муқоиса ба дигар роҳҳои кишвар, вазъи роҳи Душанбе – Чанок имрӯз хеле беҳтар буда, сарфи назар аз он ки аз  минтақаи релефи душвори кӯҳистон мегузараду дар мавзеи осебпазир воқеъ мебошад, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи он таъмин аст. Табиист, ки ҳолати хуби роҳи мавриди назар самараи масъулиятшиносии нигоҳбони он – филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.  Таҷрибаи нигаҳдории роҳи «Душанбе - Чаноқ» нишон дод, ки «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба маънои томаш нигоҳбони масъулиятшиноси ин самт мебошад.  
 ...Дар дохили мошин суруди машҳур бо овози марғуладори ҳофизи мастчоҳӣ ва оҳанги зебои фолклори Зарафшон, такрор ба такрор садо медод ва муаллим Раҳимро боз ба дунёи хаёлоти ин замону он замон мебурд:
 Эй ағба, кунун шунав, ки мо ободем,
Он роҳи туро ба барфу борон додем…

 
 Қамариддин Одинаев,
рӯзноманигор ва омӯзгор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter