ХАБАРИ ДОҒ

Радиои 5-сӯма ва почтаро баргардонед!

  • Чоршанбе, Май 25 2022

 

Дар замони давлати шӯравӣ радиои 5-сӯма дар ҳар 1 хона васл шуда буду доимо хабарҳои наву тозаро гузориш медод. Инчунин дар маркази ҳар деҳа 1 карнаи радио васл шуда, аз масофаи 3-4 километр ҳам овози онро мардум мешунид. Имрӯз ҳам яке аз воситаҳои беҳтарини  паҳн кардани қарорҳои давлат, қонунҳо, ахбороти нав ин радиост. Хуб мешуд агар раисони Кумитаи ТВ ва Хадамоти алоқа ҳамон радиоузелҳоро аз нав барқарор мекарданд.

Хоҳиши дуюми ман барқарор кардани почтаи давраи шӯравист. Ҳозир дар маркази шаҳри Ҳисор 1 бинои почта  ҳаст. Ин почта ба одамон хизмат мерасонад. Мо омӯзгорон, хонандагон, баъзе шахсони дигар ба рӯзномаю маҷаллаҳо обуна мешавем, аммо ин рӯзномаю маҷаллаҳо баъд аз 15-20 рӯз дастрас мешаванд, чунки почтаҳои маҳаллӣ дигар фаъол нестанд.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор 2 бинои почта ба мардум хизмат мерасонд. Ҳар кадоме 3 нафарӣ коргари почта дошт. Ҳар рӯз рӯзномаю маҷаллаҳоро ба обуначиён мерасониданд. Нафақаи пиронсолон ва ёрдампулии модарони серфарзандро аз рӯзи 2-юми ҳар моҳ дер намонда, ба соҳибонашон мебурданд. Ҳоло дар ҳудуди ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ 1 нафар коргари «Амонатбонк»-и шаҳри Ҳисор кор мекунад. Аммо ин коргарро дар ҷои кораш намеёбӣ. Бинобар ин ҳам нафақагирон, ҳам омӯзгорон маҷбур мешаванд, 25-30 километр роҳ паймуда, ба маркази шаҳри Ҳисор раванд. Шумораи нафақагирон ва омӯзгорон аз 2500 то 3000 нафар мебошад. Муҳтарам Бег Сабур, агар имконият бошад, аз ҳисоби худи омӯзгорон ва нафақахӯрон 2-3 сомонӣ харҷ  карда, почтаро барқарор ва коркунони почтаро бо маош таъмин намоед, беҳтарин кор хоҳад шуд.

Олимов Хайрулло,

шаҳри Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter