Аз маркази шоҳроҳи 30-солагии Истиқлолияти н.Файзобод даҳҳо мошини пурбор ба самти ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт, Нурободу Сангвор то Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат мегузаранд. Дар маркази шаҳраки 30-солагии Истиқлолият бозори «Истиқлол» ҷойгир аст, ки рӯзҳои якшанбе дар он ҷо бозор барпо мегардаду тоҷирону соҳибкорон маҳсулоташонро оварда мефурӯшанд.
Рӯзи якшанбебозор садҳо мошини сабукрав, «тангем»-у газелҳо омада, дар шоҳроҳ ҷой мегиранду «пробка» барпо мекунанд, аз ин сабаб мошинҳои пурбор наметавонанд аз шоҳроҳ гузаранд. Дар бораи пробкаи маркази шаҳраки 30-солагии Истиқлолият дар рӯзномаҳо борҳо бонги изтироб зада бошем ҳам, то ҳол камбудиҳо ислоҳ нашуданд.
Рӯзи 05.06.2022 Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҳамроҳи меҳмонон ба НОБ Роғун сафари корӣ доштанд, «пробка»-и мошинҳоро дидан замон ба масъулини н.Файзобод супориш медиҳанд, ки тамбашавиии воситаҳои нақлиётро зуд бартараф намоянд. Эроди Сарвазир дар бораи тоза кардани шоҳроҳ аз тамбашавии мошинҳо магар айб нест? Наход барои ба тартиб овардани роҳ ҳатман бояд таъкиди Сарвазир бошад!?
Ҳокими Сафар,
н.Файзобод