ХАБАРИ ДОҒ

Парвози Душанбе-Хоруғ бояд бошад!

  • Чоршанбе, Июн 29 2022

 

Салом СССР-и азиз! Мо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз пойтахти ҷумҳурӣ-ш.Душанбе дар масофаи хеле дур зиндагӣ мекунем. Касоне, ки аз Бадахшон ба пойтахти мамлакат ва аз пойтахт ба Россия ё ба ягон хориҷи кишвар сафар кунанд, бинобар дури масофа барои харҷи роҳ маблағи хеле зиёд сарф мекунанд.

Аксарияти донишҷӯёни бадахшонӣ берун аз кишвар таҳсил мекунанд. Дар ҳолати зарурӣ аз Хоруғ то марказ 400 сомонӣ роҳкиро сарф намуда, боз 1 рӯзи дароз дар роҳ овора мешаванд. Хуб мешуд агар, масъулони соҳаи роҳу нақлиёт ва авиатсияи кишвар сари масъалаи роҳандозии хатсайри ҳавоии Душанбе-Хоруғ-Душанбе меандешид, зеро ин парвози хеле муҳим буда, фаъолияташ дар ҳамин солу замон зарур аст.

М.Оламгул,

ш.Хоруғ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter