ХАБАРИ ДОҒ

Мастчоҳ: роҳи вайрону масъулини бепарво

  • Чоршанбе, Июл 13 2022

 

Дар ҷамоати деҳоти Палдораки н.Мастчоҳ роҳи марказии ҷамоат солҳои зиёд бе таъмир монда, касе баҳри обод кардани ин роҳ кӯшишу ғайрат намекунад. Мо онро роҳи марказии ҷамоат ба он хотир номидем, ки идораи ҷамоат, муассисаи давлатӣ, мактаби миёнаи № 2-и ба номи А. Рӯдакӣ, бозори калони сердаромад, тӯйхонаи боҳашамат, собиқ идораи совхози «Ҳақиқат» дар ин кӯча ҷойгиранд.

Раисони ҷамоатҳо иваз мешаванд, вале натиҷаи кор ҳамин хел бе нафъ мемонад. 2 сол пеш ҷавони серғайрат Алибег Амирбековро (руҳаш шод бод) раиси ҷамоат интихоб намуданд. Раиси нав кори аввали худро аз ободии ҷамоат сар карда, борҳо бо раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ва баъдтар бо раиси нави ноҳия равоншод Тоҳир Азиззода вохӯрию мулоқот намуда, барои асфалтпӯш кардани ин роҳ, ки бо номи Шомуродов гузошта шудааст, ба мувофиқа расиданд. Вале садҳо афсӯс, ки ҳам раиси нави ноҳия ва ҳам раиси ҷамоати деҳот дунёи фониро падруд гуфтанд.

Раиси нави ҷамоат В.Раҳматов интихоб шуд, ки хело ҷавон буда, таҷрибаи корӣ надорад, намедонад корро аз куҷо сар кунад. Дар солҳои Шӯравӣ ҷавононро зина ба зина санҷида, баъд ба корҳои роҳбарӣ тавсия медоданд, таъин не, фақат тавсия буд. Ҳоло баръакс шахсро насанҷида, ба гуфтаи худораҳматии Аловиддин Абдуллоев «медонад-намедонад» ба вазифаҳои масъулиятнок таъин менамоянд. Хусусан ба роҳбари ҷамоатҳо бояд шахсонеро пешбарӣ намоянд, ки дар кор обутоб хӯрда бошанд.

Д.Зикриё,

н.Мастчоҳ   

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter