ХАБАРИ ДОҒ

Салом СССР! Фаъолияти почтаи н.Деваштич хеле бад буда, мо матбуоти давриро сари вақт дастрас намекунем. Ман ба чанд рӯзномаву газета, аз он ҷумла газетаи СССР обунаам, вале ҳар шумораро бо фосилаи 10-12 рӯз дастрас мекунам. Солҳои 2000-ум шумораи муштариён дар ноҳия ҳамагӣ 200 нафар буд, ҳоло бошад беш аз 2000 нафар гузаштааст. Моҳонаам 530 сомонӣ буда, ба дастам 470 сомонӣ мегирам ва аз ин боз 4 маротиба дар 1 моҳ ба ронандагоне, ки аз маркази ноҳия газетҳоро меоранд, 15 сомонӣ медиҳам.

Рӯзномаҳо аввал рост ба вилоят меоянд, рӯзи дигар ба ноҳияҳо фиристода мешаванд. Рӯзҳои душанбе ва ё сешанбе таксиҳои кирокаш ба мо оварда медиҳанд. Азбаски рӯзи чоршанбе дар маркази ҷамоати деҳоти «Исмоили Сомонӣ» бозор баргузор мешавад, масъулони мактабу беморхонаҳо ва ғайра омада рӯзномаву маҷалаҳояшонро аз ман мегиранд. Рости гап то нафақаам 1 соли дигар мондааст, ман, ки ба нафақа баромадам, кӣ пул дода, ба мардум газета тақсим мекунад?

Ҷумъабой Яҳёев,

н.Деваштич

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter