Тақрибан соатои 17-и санаи 9 май дар ш.Панҷакент сел омада, ба садҳо хонаву иншоотҳо хисороти калон расонид.
Сел дар 2 сой: сойи Зебон ва Кӯктош, бо баландии зиёда аз 10 метр омада, 6 кӯпрукро пурра тахриб намуд. Шоҳидон мегӯянд, баландии оби сел то ҳадде будааст, ки он аз маҷрои худ баромада ба дигар кӯчаҳои шаҳр ва хонаҳои мардум дарома, даҳҳо мошинҳои сокинонро ба комаш фурӯ бурдааст. Сокинон ва командони ҳифзи хуқуқ чандин касро аз коми сел наҷот доданд. Худи ҳамон лаҳза ситоди ҳолатҳои фавқулода бо роҳбарии раиси ш.Панҷакент, Ислом Зиёзода ташкил гардида барои муайян кардани зарари расида, гурӯҳҳои корӣ ташкил карад шудааст. Дар як қисми шаҳр аз дирӯз бегоҳ то ба имрӯз бо сабаби канда шудани симчӯбҳо барқ набуд. Айни замон хисороти дақиқ муайян нест, вале аз 1 талафоти ҷонӣ шоҳидон маълумот доданд.
Хуршед Фозилов, Панҷакент, СССР