ХАБАРИ ДОҒ

2 ширкати бузурги Русия – харидори асосии ҳосили нав кишоварзони тоҷик

  • Панҷшанбе, Май 05 2016

Дар ояндаи наздик тибқи шартномаи басташудаи дутарафа бо 2 ширкати бонуфузи воридкунандаи Русия аз вилояти Хатлон ба Русия беш аз 70 тонна маҳсулоти кишоварзӣ – меваю сабзавот ва полезиҳо содир хоҳад шуд. КВД  "Маркази дастгирии кишоварзӣ"-и вилояти Хатлон замистони соли гузашта бо ду ҷаъмияти шакли кушодаи "Магнит" ва "Агратехналогия"-и Русия, ки маҳсулотҳои кишоварзиро ба кишварашон ворид мекунад шартномаеро имзо кардаанд.

Дар ин бора ба мухбири СССР дар шӯъбаи кишоварзии ҳукумати вилояти Хатлон иттиллоъ доданд. Ин дар ҳолест, ки солҳои гузашта аз 70 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзии вилоят танҳо 20 дар сад содирот мешудааст ва он ҳам ба Русияву Қирғизистон, Афғонистону Покистон ва ба бозорҳои берун аз Хатлон будааст.

Бино ба иттиллои Назирбек Шарипов, сардори "Маркази дастгирии кишоварзӣ" ба хабарнигори СССР, тибқи шартномае, ки имзо шуд зардолую гелос, картошкаи барвақтӣ ва маҳсулотҳои дигари кишоварзӣ ба Русия содирот мекунем, ки 70 ҳазор тонна мебошад, баъдан содироти пиёз оғоз мешавад, соли гузашта хело кам буд. Маҳсулот тариқи роҳи оҳан аз Хуҷанд, ҳавопаймо ва роҳое содир мешавад, ки кори деҳқононро осон карда онҳо барои фурӯш саргадон намешавад.  

Тибқи пешгӯиҳои кишоварзон дар Хатлон, боришоти хуб ва ҳавои мусоид омад карда истода ҳосили меваю сабзаҷот ҳам назар ба соли гузашта хеле хуб аст.  Маҳсулоти асосие, ки тибқи шартнома бояд ба Русия содир шавад пиёзи барвақтии ноҳияҳои Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), Шаҳритус ва Бохтар мебошад. 

Авваз Умаров, як кишоварз аз ноҳияи Ҷайҳун, ки дар масоҳати 8 гектар замин пиёз кишт кардааст, мегӯяд, ки ҳосили пиёзашро соли гузашта ба соҳибкорони суғдӣ килограмашро 70 -80 дирам месупурд. Ин мавсим килограми пиёзашро ба соҳибкорони рус килограмашро 1 сомонӣ хоҳад дод. Ӯ мегӯяд, ки дар хоҷагии деҳқонияш, ки наздикону хонаводааш ҳудуди 30 нафар заҳмат мекашанд, акнун интизори даромади бештар мебошанд:

- Ҳар сол пиёзи Ҷайҳун харидор дорад, аз вилояти Суғд омада онро ба Русия мебурданд, вале имсол гуфтанд, ки харидорҳо пиёзро бо нархи нисбатан хуб, аз назди замин мебарард, шикатҳои Русия бори бештар мегиранд, яъне мо ҳамаи борамонро метавонем дар як рӯз ба фурӯш гузорем.

Нуралӣ Валиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун зикр менамояд, ки кишоварзони ноҳия 20 ҳазор тонна пиёзи барвақтиро ҷаъмоварӣ намуда мунтазири соҳибкорон ё шарикони навашон ҳастанд: "Дар майдони 2600 гектар пиёз кишт шудааст, ки бо як шартномае, ки бо Русия ҳаст содир мекунем, соли ҷорӣ зиёда аз 35 ҳазор тона сабзӣ содирот мекунем.

Баҳодур Уроқов, Қӯрғонтеппа,  СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter