Бо қарори Раиси МММО Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷамоати деҳоти Мискинободи н.Файзобод ба Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолият тағйири ном, ҳамчунин деҳаи Фақерободи ҷамоат бо номи Обшорон номгузорӣ карда шуд. Ин албатта хуб аст ва мо сокинон аз он истиқбол мекунем!
Дар даромадгоҳи деҳаи Мискинобод бо дастгирии раиси ноҳия Холзода Бобишоҳ Нарзулло дарвозаи «Заркамар» бунёд гардид, ки тавассути он мошинҳои гуногунтамға ба деҳа рафтуомад мекунанд. Вале дарвозаи мазкур ба талабот ҷавобгӯй нест. Бояд гирду атрофи дарвоза васеъ бошаду пиёдагардону воситаҳои нақлиёт озодона онро убур кунанд. Аз дарвоза то шоҳроҳи калон, ки рӯзе 100-ҳо мошини сабукраву пурбор ба самтҳои шаҳрҳои Роғуну водии Рашт сафар мекунанд, ниҳоят танг буда, дар назди роҳ мағозаи масолеҳи сохтмонӣ, дорухонаҳо, дӯконҳои гӯшт бунёд шудаанд, ки ба рафту омади пиёдагардону воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд. Бояд мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ на дуртар аз 15 метр бунёд мешуданд. 2 тарафи дарвозаи «Заркамар» ниҳоят танг буда, аз беназоратии БДА пайваста тамбашавии мошинҳо ба амал меояд.
Дар поёнтари дарвоза аз набудани таваққуфгоҳ дар 2 тарафи шоҳроҳ ва дарвоза даҳҳо мошини сабукрав қарор мегиранду ба кадом самт рафтанашонро надониста, сару калобаашонро гум мекунанд. Бегоҳӣ бошад, ба гирду атрофи дарвоза ғарами партовҳоро мепартоянду пагоҳӣ бошад мутасаддиёни ҷамоат гирду атрофи дарвозаро тоза мекунанд. Ин ҳолат ҳар рӯз такрор меёбад…
Ҳокими Сафар,
н.Файзобод