ХАБАРИ ДОҒ

Таъмири роҳи Хуҷанд-Ашт аз кисаи мардум?

  • Панҷшанбе, Сен 08 2022

 

   - Салом ба СССР-и азиз! Дар бораи вазъи ногувори роҳи мошингарди Хуҷанд-Ашт ҳам сокинони ноҳия ва ҳам мухбирони газетаи мардумӣ зиёд навишта буданд. Шукри истиқлол, ки имсол таъмиру таҷдид ва азнавсозии ин роҳ оғоз шуд, вале инҷо ба қавле  «1 НО» дорад: мардуми ноҳия низ барои таъмири ин роҳ, ки қавриб 100 км масофа дорад, бояд саҳмгузор бошанд. Ин аст, ки тамомии сокинони ноҳияи Ашт аз моҳи май ин тараф аз ҳисоби маошу даромади кишоварзиву пулҳои муҳоҷирони меҳнатӣ барои азнавсозии роҳ пул ҷудо карда истодаанд. Масъулон таъкид медоранд, ки ин кор маҷбурӣ нест, вале боз ҳам бори гарони ин сохтмон, ки бояд бар дӯши Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ дар вилояти Суғд бошад, бар дӯши муаллиму духтуру соҳибкори аштӣ афтодааст. 

Дар саҳифаи фейсбукии МИҲД н.Ашт аз 27.05 то 15.07.2022 рӯйхати шаҳрвандоне, ки маблағ додаанд, бо ному насаб ва пул нашр шудааст. Дар ин муддат, яъне қариб 2 моҳ, мардуми Ашт барои ин роҳ 1 миллиону 164 ҳазору 150 сомонӣ пардохт кардаанд. Аз инҳо асосан соҳибкорон ном бурда мешавад, вале ку дар Ашт ин қадар - соҳибкор!?

Ин маблағ танҳо дар 2 моҳи аввал ҷамъ шудааст, вале дар омори маблағҳои ҷамъшуда моҳҳои июл-август нест, шояд ин маблағ аллакай 2 баробар зиёд шуда бошад. Он, ки мардуми маҳаллӣ дар ободии зодгоҳ саҳми худро мегузоранд, албатта амали нек аст, вале танҳо бо пули мардум, аз маоши мардум метавон наздики 100 км-ро роҳро таъмир кард? Чаро касе дар бораи ҳиссаи МИҲД вилояти Суғд ва МИҲД н.Ашт чизе намегӯяд? Онҳо барои таъмири ин роҳи вайрону валангоршуда чӣ қадар пул ҷудо карда бошанд?

Муниса Бобоева,

н.Ашт

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter