Имрӯз нархи тамоми маводи рӯзгор аз ҳадди эътидол баланд шудааст. Дар бозорҳо касе ба ин аҳамият намедиҳад. Бозорҳо тамоман беназоратанд. Дар замони Сомониён 10 девон (вазорат) буд. 1 вазораташ бозорҳоро ба танзим медароварду аз болои сифати мол, тарозу, нархи маҳсулот назорат менамуд. Бозорҳои мо тамоман бесоҳибанд. Касе чи хеле, ки мехоҳад, бо ҳамон нарх савдо мекунад. Сабаби баландшавии нархро савдогарон пандемияи коронавирус мегуянд, шояд ин асосе дошта бошад. Аз пандемия одамон сироят меёбанд, о ғаллазор, чорво, сабзавот, меваҷот, полезӣ ва дигар сабзавотҳо гирифтори ин беморӣ намешаванд-ку?!
Дар СССР 1 халта орди навъи аъло, онро ки аз Қазоқистон, Украина ва Россия меоварданд, 12 сӯм нарх дошт. Орди навъи якумро аз Хуҷанд (ҷумҳурии худамон) меоранд, наздики 400 сомонист. На сарватмандон, на савдогарон заррае инсоф надоранд.
Исмоил Ҷабинзода,
н.Муъминобод