ХАБАРИ ДОҒ

 

Аксаран мегуянд, ки ислому мусулмонӣ дар даврони атеизми СССР  буд, 100 дараҷа дуруст. Аз  ҳама  асосаш дуруғгуӣ, беинсофӣ, найранг камтар буд. Ҳоҷиҳо ками андар кам вомехурданд. Имрӯз бошад аз бисёрии онҳо дар кучаҳо гашта намешавад. Вае дар ин баробар, адлу инсоф ва диёнату амонати  инсонӣ гум шуд. Дар шуравӣ ба номи  Худову  Модар қасамзада намешуданд. Ҳоло дар ҳар 1 қадам бо  қасамҳои дуруғ андар ҳазор  дуруғи муслимин «Аллоҳ  занад», «Ба номи Аллоҳ!», «Модарам ба ҷои занам!» ва даҳҳои  дигар вомехурӣ. Бо ин амалҳои зишт, куфр, номардӣ, имонфурушӣ аз  насорову бутпарасту яҳуд дида, мусулмонон махсусан тоҷикон бештар қасам мехуранд. Бо  ин  онҳо дуруғ, фаҳш, хасисӣ, нопокӣ, беимонию бедиёнатиашонро пинҳону рупуш карданӣ мешаванд. Яъне онҳо ҳатто ба ҳастии Худованд, панду насиҳатҳои  пайғамбарон, дастуру ҳидоятҳои Қуръони Карим боварӣ надоранд. Агар онҳо аз ҷазои  қиёмату оташи дузах тарсанд, имонашон, дилашон, ақлашон қавӣ бошанд, дар  1 лаҳза 1001  қассам намехурданд.

Ин  имону динфурушӣ дар мусулмонҳои дигар кишварҳо нест. Ин танҳо ва танҳо хоси тоҷикон аст. Дар  дашному  ҳақорат, лофу газофгӯӣ низ исломиёни  тоҷик дар  дунё дар ҷои авваланд.

Нурулло Ҳасанов,

рӯзноманигор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter