Салом ба СССР! 29.04.2020 ногаҳон сел омада, замини хоҷагиеро дар ҳудуди ҷамоати Навбаҳори н.Мастчоҳ шуста бурд. 3 гектар замини ғаллазор ба сангзор мубаддал гашт. Он замон ба раиси хоҷагии деҳқонии «Дилшоди Д» Илҳом Дилшодов шикоят намудам. Собиқ раиси ноҳия раҳматӣ Тоҳир Азиззода низ ин офатро бо чашмони худ дида, ба телефони мобилиаш аксбардорӣ намуд. Ӯ хеле афсӯс хурда, ваъда дод, ки мо ин заминро барқарор мекунем, вале умри ӯ кутоҳ будааст.
Баъди вафоти ӯ, гӯё касе ин ҳодисаро надида бошад, худро ба нодонӣ зада сухан ва супоришҳои раиси навро на гӯш мекунанду на иҷро. Ман ҳамчун раиси хоҷагӣ 22 маротиба ба раиси нав, ҷонишинҳо, умури кишоварзӣ, андоз муроҷиат намудам, мактуб навиштам. «Хуб, иҷро мекунем!» - гуфта, бо ҳамин вазифаи худро ба анҷом мерасонанд.
Аввалҳои моҳи август раиси ноҳия Аъзам Ализода ба ҷонишинҳои кумитаи замин ва умури кишоварзӣ супориш дод, ки баромада ба воситаи тракторҳои пуриқтидор замини селбурдаро кишт карда, ба ҳолати аввала биёранд, вале шахсони масъул боз хуб гуфта, фориғболиро давом дода истодаанд.
З. Дилшод,
н.Мастчоҳ