ХАБАРИ ДОҒ

2 ҳафта барои бартараф намудани иншооти ғайриқонунии пойтахт

  • Панҷшанбе, Май 12 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки гуруҳҳои кории махсус дар тӯли 2 ҳафтаи оянда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ оид ба аз байн бурдани ҳолатҳои ошкоргардидаи ғасбу худсарона иҳотагирии  қитъаҳои замини назди биноҳои бисёрхонагию ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва бунёди иншооти ғайриқонунию ёрирасони ба фарҳанги шаҳрнишинӣ бегона ва гаражу дарахтони хушкида, инчунин ободонии намои биноҳо, роҳу ҳудуди маҳалҳо ва каналу селпартоҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ин дастур рӯзи 11 майи соли 2016 ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ, ки таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гашт, дода шуд.  

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҷаласа раиси шаҳр ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 нигаронида, бо инобати пешбинӣ гардидани ба фаъолият оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки иқтидори бо гармӣ таъмин намудани иншооту биноҳои истиқоматии шаҳрро афзун мегардонад, ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур фармуд, ки то фарорасии мавсими имсола бо иштироки бевоситаи соҳибмулкони манзилҳои истиқоматӣ ҳолати омодагии бинову иншооти гармиқабулкунандаро дар шаҳр пайвастаю пайгирона зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter