ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент: боронҳои пайдарпай вазъро бадтар кардааст

  • Ҷумъа, Май 13 2016

Боронҳои пайдарпай ва омадани сел тайи 3 рӯзи охир дар шаҳри Панҷакент мушкилоти мардуми ин минтақаро боз ҳам бештар кардааст.

 

Ёдовар мешавем, ки аввалин сели азим санаи 9-уми май дар шаҳру деҳоти Панҷакент омада, аз худ 1 талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молӣ боқӣ гузошт. Санаҳои 10 11 ва12-ум низ дар дигар деҳоти шаҳри Панҷакент аз ҷумла деҳаҳои Дашти Қозӣ, Моғиён, Шашқат Рӯдакӣ, Амондара, Филмандар, Колзозчиён сел фаромада, ба хонаҳои мардум, заминҳои кишт, роҳу кӯпрукҳо, каналҳои магистралӣ, пойгоҳҳои обкашӣ зарарри ҷиддӣ расонид.

Гурӯҳҳои корӣ барои муайян кардани зарари офати табии таъсис дода шудаанд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳам деҳа ба деҳа гашта аҳолии зарардидаро ба рӯйхат гирифта истодаанд. 

Аввалин кӯмакҳои молӣ аз тарафи идораю ташкилотҳо ва соҳибкорони шаҳри Панҷакент ба офатзадагон расонида шудааст, ки он аз 50 кг орд ва 5 кг равған иборат аст. Гуфта мешавад шаби гузашта боз дар деҳаи Филмандар сел омада, чанд хонаро бурдааст. 

Хуршед Фозилов, хабарнигори СССР дар води Зарафшон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter