ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳристон: биноҳои обод ва рушди истеҳсолот

  • Чоршанбе, Нояб 16 2022

 

 Ба истиқболи 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш дар н.Шаҳристон бо иштироки сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин, ки роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар н.Шаҳристон мебошанд ва Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави шуъбаи омори ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

   Ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Навкенти Ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳия бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва шароити мусоиди корӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки тӯҳфаи идона бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихсози миллат мебошад. Армуғони дигари ҷашнӣ-бинои шуъбаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар н.Шаҳристон бошад дар арафаи анҷомёбист.

   Тавре дар суҳбат бо мо Баҳодур Акрамзода, раиси н.Шаҳристон таъкид намуд, то охири соли равон дар ноҳия бунёди 2 адад коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра аллакай 2 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Сан технология» оид ба истихроҷи қуму шағал ва ҶДММ «Элита» оид ба истеҳсоли оби нӯшокӣ ба фаъолият сар карданд.  

   Дар 9 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии н.Шаҳристон, якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ, ба маблағи 29 млн 889 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 103,5%-ро ташкил медиҳад.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter