ХАБАРИ ДОҒ

Қонун барои камбағалҳост?

  • Панҷшанбе, Нояб 10 2022

 

Салом СССР-и азиз! Ман 3 ҳафта пеш меҳмони идораи газетаи мардумӣ шуда будам, вале бо гузашти 3 ҳафта касе аз МИҲд ш.Ҳисор ба арзи ман расидагӣ накард. Бояд бигӯям, ки соҳибкор Абдуллоев Мурод бо ваъдаҳои дурӯғ, аз ҷумла бунёди гулгашт дар назди бинои баландошёна ошхонаи маро чаппа кард. Бо дарназардошти ошхонаву гараж, ки дар умум 154 квадратро ташкил мекард, танҳо 1 хонаи 37-квадратаи 1 хонагӣ аз бинои дигари сохтааш дод. Ба ман ҳаққи бегона лозим нест, ман ҳаққи худамро талаб дорам. Гаражамро омада, бидуни ягон нафари масъул, ҳатто нозири минтақавӣ, соати 2-и шаб вайрон карданд, вале зарарашро ҷуброн намекунанд. Яъне ҳар коре кард, худсарона анҷом дод, аммо касе ӯро ба ҷавобгарӣ намекашад, чаро? Қонун магар барои камбағалҳост?

Бовар кунед, то будани Шарифҷон Ҷумазода-раиси собиқи Ҳисор, чунин бенизомиву худсарӣ дар шаҳрак дида намешуд. Қосим Раҳбар ба ин арзу доди ман чӣ мегуфта бошад?

Зулфия Каримова,

сокини Ҷамоати шаҳраки Ҳисори ш.Ҳисор,

тел: 909900843

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter