Оё номусро мефӯрушанд?
Бо дарназардошти вижагиҳои миллӣ, фазои иттилоотии кишвар ва пайвастани он бо барномаҳои давлатӣ самти афзалиятноки рушди инноватсионию иттилоотӣ системаи ҷусторӣ мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳиби манобеи муътамади иттилоотии миллӣ (Додаҳо) гардидем, ки ин яке аз рукнҳои асосии истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бе чунин Система, ки бомуваффақият бо системаҳои ҷустуҷӯии хориҷӣ рақобат мекунад ва ба далели бартариҳои фанновариаш дар бозори иттилоотии дохилӣ бартарӣ дорад, дар бораи истиқлолияти кишвар ва мавҷудияти амни он ҳарф задан ғайри имкон аст. Фарзи мисол: Эрон, Афғонистон, Беларус ва алон давлати абарқудрати Россия исботи он аст. Мардуми мо низ то замони рӯи кор омадани Dodaho аз системаҳои Google ё Яндексистифода мекарданд.
Мебояд лоиҳаи иқтисоди рақамиро дастгирӣ кард.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 №642 дар бораи «Консепсияи иқтисоди рақамӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 8-ми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоиҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Зеро ин лоиҳа боиси кушодашавии “Ширкати трансмиллӣ Dodaho” дар соҳаи технологияҳои инноватсионию – иттилоотӣ мешавад. Ҳазорҳо ҷойҳои корӣ баҳри it – мутахассисон, даромади иловагӣ аз андоз ва пешрафти иқтисодиёти фаромиллӣ. Ин кам аст?
Додаҳо додаи Худост!!!
Таъсиси системаи ҷусторӣ: www.dodaho.tj як қадами муҳим дар рушди технологияҳои инноватсионию – коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон аст. Зарурати таъсиси системаи ҷустуҷӯ ба забони тоҷикӣ ба хотири он мизоҷоне ба миён омад, ки забони кориашон тоҷикӣ – давлатӣ аст. Илова бар ин, таблиғи нуфузи миллӣ баҳри ҳувияти он, ҳифзи истиқлолият, инкишофи тафаккури техникӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеъа, амнияти иттилоотӣ ва муаррифии шоистаи он.
Тағйироти рақамии ҷомеъа ва иқтисод ҳоло ба меҳвари рушди асри XXI табдил ёфта, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра, хоҳ иқтисод, хоҳ маориф, сиёсат ва ғайра таъсир мерасонад.
Додаҳоро 10 ё 100 млн нарх карданд?
Қаблан мо гуфта будем, ки “IT Park”- и Узбекистон стартапи «Системаи ҷусторӣ Dodaho.tj» - ро ба $10 млн доллари америкоӣ нархнамоӣ кардааст. Лек мо манфиати миллиро аз манфиати шахсӣ волотар гузоштем. Сару садоҳои зиёде шуд оиди ин масъала, аз надоштани зиракии сиёсӣ, хусусан хабарнигорони ҷавони мо бори дигар инро исбот намуданд. Дар акси ҳол яке аз it - Ширкатҳои Беларус Dodaho - ро ба $100 млн доллари америкоӣ нархнамоӣ кард. Системаи мазкур Тоҷикистонро ва дар симои он Осиёи миёнаро аз бунбасти иттилоотию - комуникатсионӣ раҳо хоҳад кард. Зимнан онро муассисаш на-ме-фу-рӯ-шаддд. Мо Метавонем!
Файзуллоҷон Сафаров,
асосгузори Додаҳо, махсус барои СССР