Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб роҳҳои ҳудуди ҷамоату деҳаҳои шаҳр марҳила ба марҳила мумфарш карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз қисмати зиёди роҳҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб пурра азнавсозӣ шудаанд. Айни замон бо дастгирии МИҲД ш. Кӯлоб роҳҳои маҳаллаи Абулқосим Фирдавсии шаҳр мумфарш ва азнавсозии роҳи Оромгоҳи Хоҷа Ғоиб, гӯристони №1 оғоз гардид. То ин дам кӯчаҳои А.Ҷомӣ, 450 метр роҳи деҳаи Файзободи болои ҷамоати деҳоти Зарбдор ва Чармгарони поёни шаҳр таъмиру таҷдид ва мумфарш карда шуданд.
О.Достиева, СССР