ХАБАРИ ДОҒ

Маъзарати Beeline аз муштариёни Суғд

  • Ҷумъа, Май 13 2016

ҶДММ «Таком», ки таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои алоқаро пешкаш мекунад, оид ба бартараф карда шудани оқибатҳои садама, ки рӯзи 9 май ҳангоми сел дар вилояти Суғд ба амал омад, узрпурсӣ мекунад.

 

Дар натиҷаи офати табиӣ каналҳои алоқа, ки ба шабакаи 2G дар вилояти Суғд хизмат мерасонданд, аз кор баромаданд. Шабакаи 3G дар реҷаи штатӣ кор кард. Ба корҳои бартарафкунии вайроншавӣ мутахассисони ширкат дар 30 дақиқаи аввал пас аз садама оғоз карда, корҳои барқароркуниро то соати 04:00 рӯзи 10 май идома доданд. Ҳоло ҳамаи сервисҳо, аз ҷумла алоқаи овозӣ , SMS ва интернети мобилӣ дар реҷаи штатӣ кор карда истодаанд.

Чуноне ки ба мухбири СССР аз дафтари матбуоти ин ширкати мобилӣ хабар доданд, тавққуфи кори шабакаро шарҳ дода, директори генералии Beeline Константин Колесов чунин қайд кардаст:

 «Мутаасифона, на ҳамеша пешбинӣ кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ имконпазир аст. Ҳоло мутахассисони Beeline роҳҳои ҳаллеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои ногувор дар оянда равона карда шудаанд. Мо узри самимонаи худро ба сокинони вилояти Суғд мерасонем, ки дар ин рӯзҳо бо алоқа мушкилот доштанд. Ҳамчун ҷуброн ба мушатриёни ширкат дар вилояти Суғд бонусҳо дар шакли дақиқаҳои бепул ва SMS дода мешаванд». 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter