Рӯзи 12.05.16 тақрибан соати 03:40 дақиқа дар натиҷаи боронҳои пуршидат сатҳи оби дарёи Элок баланд гардида, дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод деҳаҳои Адолат, Файзоба, Садоқат, Комсомол -1 ва Комсомол -2, сел омада, тақрибан ба 1146 хонаҳои истиқоматии деҳаҳои мазкур зарар расондааст Барои бартараф кардани ҳолати баамаломада ва кӯмак ба оилаҳои зарардида, дастаҳои наҷотдиҳӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумита дар гарнизони Душанбе, дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиа граждании назди Ҳукумати ҶТ, хушбахтона дар пайи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Қобили зикр аст, дастаҳои наҷотдиҳии Кумита беш аз 1500 нафар аҳолии деҳаҳои осебпазирро ба минтақаҳои бехавф кӯчониданд.
СССР
акс аз Азия плюс