Салом СССР! Имрӯзҳо шукрона аз тинҷиву оромӣ мекунем, ки Ватани азизамон рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст, алалхусус марказҳои шаҳру ноҳияҳо. Вале марказҳои маҳаллаю қишлоқҷойҳо аз ин ободкориҳо, махсусан таъмири роҳу роҳравҳо, аз мадди назарҳо дур мондаанд.
Дар замони СССР ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо хеле кам бошад ҳам, роҳҳо мунтаъзам таъмир карда мешуданд. Аз 2 тарафи роҳ барои бехатарии пиёдагардҳо роҳравҳои махсус сохта буданд, ки бо мурури замон вайрону валангор шуда, таъмирталаб мебошанд, махсусан роҳравҳои ноҳияи Фархори бостонӣ. Танҳо роҳи марказӣ таъмир шудаасту халос. Роҳи бозори марказӣ ва роҳравҳои ҳарду тарафи роҳ, ки роҳи сернақлиёту серодам мебошад, аз бепарвоӣ, беназоратӣ ва бемасъулиятии масъулон аз ҷониби савдогарон комилан банд шудааст. Мардум бо роҳи мошингард рафтуо мекунанд, ки ин хеле хатарнок мебошад.
Таваралӣ Авсақолов,
н.Фархор