Дар деҳаи Дилнишини Данғара сохтмони роҳи мошингарди Ғарғара - Дилнишин оғоз гардида, корҳои пулсозӣ ва дигар намуди иҷроиши лозимӣ давом дорад.
Ин корҳои азнавсозӣ бо ташаббуси бевоситаи марди саховатманд ва худогоҳ Асадуллои Раҳмон ва дигар соҳибкорони хайрхоҳ ибтидо гирифта, барои беҳбудии рафтуомади сокинони ҷамоати Пушинг мусоидат мекунад.
Ин марди некном дар ободонии роҳҳои завроқи Кангурт низ мадад карда буд. Бевосита бо ёрии ин шахс дар деҳаи Баҳори н.Данғара роҳҳо аз сари нав асфалтпуш, бинои мактаби миёнаи деҳа азнавсозӣ ва ба литсей касбӣ- техникӣ табдил гардонида шуд.
Дар кори сохтмони роҳи деҳаи Дилнишин баробари соҳибкорон ва аҳолии деҳа коргарони идора нигоҳдории роҳҳои н.Данғара ва минтақаи Кӯлоб фаъолона иштирок доранд. Сардори идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди н.Данғара Б. Абдуллозода ва сардори идораи роҳсозии минтақаи Кӯлоб Х. Арабзода ба корҳои роҳсозӣ бевосита роҳбарӣ карда, олоту мошинҳои роҳсозӣ ва нақлиёти боркашониро омода намуда, ба хизмати роҳсозон сафарбар кардаанд.
Коргарони ботаҷрибаи идораи роҳсозии н.Данғара - устои роҳ Қурбоналӣ Махсумов, Аваз Қурбонов, Раҷабалӣ Исмоилов, бригадир Ҷурахон Махатов ва ронандагони мошинҳои пурқудрат Дилшод Муродов, Ибодулло Шарипов ва дигарон пурмаҳсул меҳнат карда истодаанд.
Асадуллои Раҳмон, ки худ дар вазифаи давлатӣ фаъолият менамояд бо ҳисси баланди ватандорӣ ин кори некро бар душ гирифта, барои мардум роҳ мекушояд. Роҳкушоӣ беҳтарин кор аст! Сипос, Асадуллои Раҳмон!
Коргарон Қурбон Юсупов, Фаррух Раҳмонов, Бозорбой Пӯлодов,
н.Данғара