ХАБАРИ ДОҒ

ТОҶИКИ МАН ДАР САФАР (Ё 6 эрод аз 1 миллат дар хориҷ аз кишвар)

  • Чоршанбе, Фев 01 2023

 

 

Салом СССР! Умедворам, ки хуб ҳастед. Имкон бошад ҳамин андешаҳои моро, ки 1 номаи дод аст, дар газетаи мардумии СССР ҷой диҳед! Мо Метавонем!!!

1 мушкили кӯчаки хонаводагӣ боис гардид, ки мо барои чанд рӯз ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар дошта бошем. Агарчи асли сафари мо табобати қалби азизе буд, вале барномарезии дуруст боис гардид, ки мо фурсати сайри кӯчаву хиёбон, боғҳо, осорхонаҳо, театру синамо, телевизиону радио, намоишгоҳҳои рассомӣ ва дигар маконҳои фарҳангиро пайдо намоем. Ба дасти ҷумла азизоне, ки дар ин асно бандаро модиву маънавӣ дастгирӣ карданд, сипоснома месупорам. Беҳуда нест, ки бузургон "Бисёр сафар бояд, то пӯхта шавад хоме" гуфтаанд. Барои мо низ ин сафар саршор аз мушоҳидакорӣ буд, ки гумонам дар пухта гаштани хомиҳои мо сабаб мешавад.

Аз ҷумлаи мушоҳидаҳо ҳоло чандеро дар боби ҳолати ҳамватанони мо аснои сафар иброз медорем:

1. Аввал ин, ки аксар аз ҳамватанони мо барои сафар ба Федератсияи Россия барномаи дурусти сафарӣ надоранд. Намедонанд, ки чаро бояд муҳоҷират раванд, чӣ кор кунанд, чанд сол боқӣ монанд, бо чӣ миқдор пул баргарданд, баргаштанд бо пулҳо чӣ кор кунанд... Дар фурудгоҳу ҳавопаймо бо чанде суҳбат доштам, ки ба ин хулоса расидам.

2. Сафар ба дилхоҳ кишвари хориҷӣ, хоса ба Россия дар фурудгоҳу ҳавопаймо ҳолати зиёди интизориро барои кас фароҳам меорад. Вале азбаски аксари мардуми мо барномаи дурусту мушаххаси сафар надоранд, ин ҳолатҳоро аксар бо телефонбозӣ пушти сар мекунанд. Ростӣ, на аз ин самт, на аз он самт ҳеҷ тоҷикеро дар фурудгоҳ, ҳавопаймо ва толори интизорӣ машғули мутолиаи китоб ё рӯзномае надидам. Ҳама ба телефон паноҳ бурда буданд. Рӯиҳамрафта, дар толори интизории майдони ҳавоӣ ва дохили ҳавопаймо шӯру мағали тоҷикон ҳамеша барпост. Банда, ки қаблан барномаи сафарамро мушаххас карда будам, дар раванди рафту баргашт, метро, навбатпоӣ дар бемористон ва дигар ҳолатҳои хориҷ аз машғулият китобҳои "Чор дарвеш", "Гулнор ва ойина" (Р.Зарёб)-ро комилан мутолиа кардам. Ҳатто, дохили ҳавопаймо пур кардани варақаи сафар тақозо шуд, вале миёни қариб 300 нафар тоҷикон ҳамагӣ 2 нафар буданд, ки бо худ қалам (ручка) доштанд. Дуруст аст, ки дар ҳавопаймо бояд қалами худкорро таъмин кунанд, вале ба фикри ман аҳли сафар барои қайди хотироту чизҳои дигар бояд бо худ ҳадди ақал 1 ручка дошта бошанд. Дигар ин, ки дар шаҳри Москва гашту гузор бо метро бештар сурат мегирад, ки албатта ҳузур дар он гоҳе соатҳоро фарогир аст. Фазои ороми он барои кас фурсати хуби мутолиаро фароҳам меорад. Вале боз ҳам ҳеҷ тоҷикеро машғули мутолии китоб пайдо накардам. Шояд мегӯед, ки муҳоҷирро чӣ нисбатест ба мутолиа? Вале оворагарди жулидапӯшеро, ки шояд дилаш аз зиндагӣ батамом мондааст, дар кӯча машғули китобхонӣ дарёфтам.

3. Надонистани забон мушкили дигари муҳоҷири тоҷик аст. Ин боис мешавад, ки кормандони майдони ҳавоӣ ва ҳавопаймо дар кишвари рус ба мо муносибати дағалонаро лоиқ бинанд. Худ, ки русиро ба андозаи даркорӣ балад набудам, ба ин ҳолат чанд дафъа дучор омадам.

4. Азизон шояд бозореро дар шаҳри Москва бо номи "Садавод" донанд. Дар он ҷо бештар тоҷирон аз тоҷиконанд. Дар кишваре, ки бо нархҳои дақиқ сари кор мегиранд, тоҷикон бо ҷумлаи "охирш чанд мешава" савдои молу коло доранд. Дар бораи бенизомие, ки мо тоҷикон дар ин бозор барпо кардаем, чизе намегӯям.

5. Дар ҳавопаймо тоҷикон дар ҷои ҳамдигар мешинанд, бағоҷҳои дастии худро бенизом мегузоранд, ба гапи хидматгузорони ҳавопаймо гӯш намедиҳанд, тасмаҳои бехатариро намебанданд, баланд суҳбат мекунанд ва хулоса корҳое мекунанд, ки миллати бофарҳанг будани тоҷикро зери суол мебаранд.

6. Ҳеҷ не, ки тоҷик навбат истоданро риоя кунад!!! Дар нуқтаҳои сафари намояндагони дигар кишварҳо оромиш барпост, вале ҳамин, ки айни сафари мардуми мо оғоз шавад, қиёматро дидан бисёр осон мешавад.

Бахтиёр Раҳмониён

хонандаи доимии СССР,

Душанбе-Маскав-Душанбе

 

PS: Ҳадаф аз иншои чанд мушкилот паст задани шаъну эътибори тоҷик нест, балки ба он хотир аст, ки мардуми мо ба дарки ин нуктаҳо бирасанд, худро эҳтиром кунанд, то дигарон низ иззаташон гузоранд. Мо гуфтем. Мо метавонем!

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter