ХАБАРИ ДОҒ

Бидонем қадри онҳоро ҳамеша

  • Чоршанбе, Фев 22 2023

Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони “IRS” барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро мардум  мебинанд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, “IRS” рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба суръати баланди таъмиру таҷдиди роҳ, бетаъхир бартараф гардидани тармаҳо, мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилағжиш, мавриди истифода қарор гирифтани хонаҳои устои роҳ ва ғайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.

Бориши пуршиддати барф ва тармафароии зиёди рӯзҳои охир   дар  роҳи мошингарди Душанбе -Чанок    барои ширкати “IRS” як санҷиши ҷиддӣ пешорӯи мусофирону ронандагон буд, ки роҳбарият ва кормандонаш  сарбаландона аз он гузаштанд. Кормандони ширкат аз уҳдаи масъулияти доштаашон баромаданд,  техникаҳои зиёд  роҳро дар фурсати кӯтаҳтарин тоза намуда, мусофиронро дар роҳ дармондаро ба макони амн гузарониданд. Босуръат ва муташаккилона ҷараён доштани нигоҳдории роҳ аз масъулиятшиносиву поквиҷдонии кормандони ин ширкат гувоҳӣ дода, далели бебаҳси он аст, ки роҳи Душанбе – Чанок дар симои “IRS” нигоҳбони боэътимод дорад.  Абёти зер, ки бардошти як зарафшонии қадршинос аз фаъолияти “IRS” аст:

 

БИДОНЕМ ҚАДРИ ОНҲОРО ҲАМЕША

 

Гузаштам ман зи роҳи нақби Анзоб,

Хатарнок аст зимистон роҳ нобоб.

Бидидам ҳар куҷо масъули ин роҳ,

Азоби ҷон кашанд ҳангоми сармо.

Зи тарма пур шавад ин роҳ яксон,

Кушоянд роҳро бо қимати ҷон.

Барои таъмини ин мулки пирӯз,

Ба мисли посбон бошанд шабу рӯз.

Ҳақиқат хизмати шоиста доранд,

Зи хизмат дасту пои хаста доранд.

Бидонем қадри онҳоро ҳамеша,

Ки карданд баҳри мо ин роҳ пеша.

Ба масъулони роҳ сад офарин бод,

Зи ҷон ҷон меканад ин роҳ  обод.

 

Боқимуҳаммад Боқиев,

сокини ноҳияи Айнӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter