ХАБАРИ ДОҒ

Трансформаторҳои зери борон ва мо…

  • Чоршанбе, Фев 15 2023

Дуруд ба СССР! Боду ҳавои номувофиқи моҳи январ ноқил ва қисмҳои трансформатори кӯчаи Ленинро корношоям гардонд. Сокинони кӯчаҳои Ленин, Куйбишев, Низомӣ, Лоҳутӣ, Рӯдакӣ, Варзишгоҳ, Шӯртеппа, Боғчаи кӯдакон ва Беморхонаи Ҷамоати деҳоти Киров, ки аз ин трасформатор барқ мегиранд, аз рӯшноӣ 2 рӯз маҳрум монда, аз шамъҳои бобоӣ истифода карданд.

Мо ба идораи шабакаҳои барқи н.Вахш телефон карда, вазъиятро фаҳмондем. 1 бегоҳ 4 нафар монтёр аз шуъбаи 3-юми Ҷамоати деҳоти Киров, ки аз идораи барқ маош мегиранд, ҳозир шуданд. Онҳо дасту остин барзада, трансформаторро аз назар гузаронда, гуфтанд, ки осеби калон дидааст. Қисмҳои корношоями онро иваз кардан лозим. Вале дар амбори идораи барқ, ягон намуди қисмҳои эҳтиётӣ ёфт намешавад, ки оварда ҷо ба ҷо кунем.

   - Мардум бояд худашон пул ҷамъ карда, қисмҳои эҳтиётиро харанд, мо рафта, мечаспонем, - гуфтанд. Барои ба кор даромадани трансформатор 1200 сомонӣ лозим. Раисони маҳаллаҳо хона ба хона гашта, аз мардум 1080 сомонӣ ҷамъ карданд.

Раиси маҳаллаи кӯчаи Куйбишев Маҳмад Қодиров ва 1 нафар аз монтёрҳо аз бозори Ҳоҷӣ Шарифи ш.Бохтар равған, сим ва дигар қисмҳои эҳтиётиро бо нархи гарон харида оварда, трансформаторро ба кор дароварданд. Хонаҳои мардум чароғон гашту хурсандиашон ҳаду канор надошт.

Дар замони Шӯравӣ дар 3-4 кӯча ё дар 1 деҳа 1 трансформатор ба мардум шабу рӯз барқро таъмин мекард. Ба трансформатор 1 монтёр вобаста карда мешуду ӯ аз давлат маош мегирифт. Маошаш ба зиндагиаш мерасид. Аз мардум пулҷамъкунӣ гуфтанӣ гапу хабар набуд. Монтёр доимо ба трансформатор назорат мекард. Агар нохост сим канда мешуд ё ягон қисми транформатор аз кор мебаромад, монтёр бепул аз амбори колхоз ё совхоз оварда мечаспонд. Пеш аксарияти транформаторҳо болопӯш доштанд, аз шамолу барфу борон кам зарар медиданд. Ҳозир бошад, трансформаторҳо зери барфу боронанд…

Ҳазратқул Бобохонов,

сокини Ҷамоати деҳоти Киров,

н.Вахш

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter