ХАБАРИ ДОҒ

Армия равед то мард шавед!!!

  • Панҷшанбе, Март 09 2023

Ман дар Армияи Советӣ (АС) хизмат кардаам ва аз ин 1 умр ифтихор дорам. Армия воқеан ҳам тақдирсоз аст. Акнун чанд қиссаи сарироҳӣ меорам. Ҳамту. «Инфо к размышлению»...

Чеҳраи миллат...

Соли 1991 вақте оппозитсия мусаллаҳ шуд, дар газетаҳои маъруфи он даврон Чароғи Рӯзу Адолату Растохез акси 1 ҷавони тануманди ришдори автоматбадаст нашр шуд, зери ин унвон "Чеҳраи миллат". Чашмони ин ҷавон медурахшиданд, ришаш сип-сиёҳ, бозувонаш қавӣ... Ман ин аксро дидаву гуфтам, шумо ҷангро бохтед!...Зеро ин ҷавон бо ман хизмат мекард ва «чмо» буд. Боре омадам, ки чеченҳо лату кӯбаш доранд. Ҷуссаи ман хурд ҳам буд, гӯши он қафқозиҳоро тоб додам. Чмо бошад гурехт!  Чмо ҳиҷ гоҳ қаҳрамон намешавад. Хоса чумои АС...

 

«Борзый»

Бо мо ҷавоне, пас аз хатми Институти Ленинобод, аз ш. Хуҷанд хизмат мекард. Мутаассуф номашро фаромӯш кардам, зеро ҳама муаллимаш мегуфтем. 1 рота аз ӯ метарсид. Чечену доғистониву қазоқу қирғизу ӯзбек чун барги бед аз сиёсаташ меларзиданд.

...Агар ёд дошта бошед, дар соли 1993 ҳамагӣ 1 ротаи ихтиёриён аз Хуҷанд ба ҷанг омада буд. Дар Ғарм меҷангиданд, зидди исломистон. Командири он рота ана ҳамон ҳамхизмати ман буд! «Борзый», яъне ғаййуру гарданкаш буд, муаллим... Ӯро дидаву гуфтам, тарафгирони ҳукумати конститутсионӣ пирӯз меояд!

 

«Шестёрка»-и қафқозиён

Додари Ризвон Содирови маъруф бар беспределӣ, бо номи Ҷумъахонро бисёриҳо дар хотир доранд. 1 одамкуш, террорист ва «сорвиголоваи оппозицияи исломӣ». Ба амри тақдир ин Ҷумъа низ бо ман хизмат мекард. Дар дигар қисмат буд, аммо дар Байконур. Ӯ дар АС 1 бузаки ҷингилапои қафқозиён буд, козёл буд, қафқозиҳоро овардаву чанд тоҷикро зад. Мо дарёбаш кардаву мурданивор куфтемаш. Гурехт. Чун дар ин ҷанги гражданӣ сар баровард, гуфтам, шумо ҷангро бохтед!

Воқеан ҳам агар аҳамият додаӣ хонанда, ин исломистон низ бузаки ҷингилапои арабу афғонҳо буданд. То ҳанӯз арабпарастанд!!! Мисле, ки дар АС тоҷиконро бар қафқозиҳо мефурӯхтанд, ин ҷо низ таки пои арабу афғонро тоза мекарданд. Э, муранд, чунин ҷавонмардон, ки ҳатто духтарони навраси худро бар ӯзбакҳои ҷангии Ҷумъаи Намангонӣ туртуқ-ҳадя мекарданд...

 

Шуҷоъ

Эшони Сулаймон Саидови кӯлобӣ бузургтарин Тоҷикест, ки шахсан ман дар Армияи Советӣ дидаам. Боре то 30 чеченро лату кӯб кард. Рӯзи дигараш ҳудуди 200-300 қафқозиву сибиряк (инҳош подхалимҳои чеченҳо дар АС буданд) барои куфтанаш омаданд. Аммо ӯ чун шери ғуррон бар онҳо ҳуҷум кард ва думро хода карданд.

 Сулаймон дар ҳайъати Фронти халкӣ ва сипас баталйони маъруфи 3502-и Суҳроб Қосимов меҷангид. Ӯро дидаву гуфтам, нерӯҳои ҳукумат ҳатман пирӯз меоянд. Зеро аз 4 ҳамхизмати ман 2 шарафмандаш паҳлӯи давлати Тоҷикон буду 2 «чмо»-яш паҳлӯи оппозитсия...

 Яъне чи? Яъне нафаре дар Армия хизматро сарбаландона ва шарафмандона хатм кардааст, то охири умр муваффақ ва ҷавонмард мемонад.

Шараф ба сарбозони Армияи Советӣ. Шараф бар солдату афсарони Армияи Тоҷикистон.

Мардум! Агар шубҳа доред, ки бачаҳои эркаатон одам мешаванд, онҳоро ҳатман ба Армия гусел кунед. 730 рӯз ба баъд Армия бо ин наврасон коре мекунад, ки шумо-волидайни гиром дар 20 сол карда натавонистаед.

Мо метавонем!

 

С. Достиев,

сарбози қатории АС (1984-1986),

махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter