ХАБАРИ ДОҒ

 

 

 

Имрӯз макотиби миёнаро бояд дуруст номгузорӣ кард. 1 муассисаро чандин шахсиятҳои бузург хатм мекунанд, пас сазовор аст, ки муассисаро ба номи беҳтаринҳо монанд. Ва ё дар муассиса аксашон бошад. На ин, ки имрӯз бештари муассисаҳои таҳсилоти миёна қариб, ки номи якхеларо гирифтаанд. Рақобат бигзор бошад. Дигар замони қоғазбозӣ нест. Ҳама чизро дар амал бояд нишон дод!
Дар синамогарии Тоҷик имрӯз ман ягон филмеро во нахӯрдам, ки ақаллан дар дараҷаи силсилафилми «Дар орзӯи падар’» рӯйи навор омада бошад.
Бубинед, ки дар 1 замони душвору асосаш норасоиҳои зиёде филмҳои бузург офарида тавонистем. Аммо имрӯз чӣ?! Ақаллан силсилафилми миёнаҳоле офаридаем?! Ӯзбекистон ҳатто аз Россия пеш гузашт. Барҳақ, ман ба ин кишвар ҳасад мебарам.
Ва баъд ин ки тамошобини имрӯза садҳо бор аз он барномаҳои таърифиву васфи озмун ва ҳунарҳои миллӣ дида, ҳамон барномаву лавҳаҳои фароғатиро дӯст медоранд.

 

С.Беҳрӯз
ш.Душанбе

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter