ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: Генплан догма нест!

  • Чоршанбе, Апр 26 2023

Дар шаҳри Бохтар дар байни хонаҳои бисёрошёнаи аҳолии шаҳр, хонаҳои нави бисёрошёна сохта, дар баробари ин майдончаҳои бозии кӯдакон ва ҷои истироҳатии мардуми шаҳрнишин аз байн рафта истодааст. Бо баҳонаи шаҳрсозӣ дарахтони зиёди сояафкан, ки онҳо тибқи нақшаи генералии замони шӯравӣ барои муҳофизати гражданинҳои собиқ СССР аз гармои тоқатфарсои водии Вахш ва ҳамчунин пешгирии гарду чанги доимии ин шаҳри бо иборае дар мавзеъи чуқурии бе шамол ҷойдошта, сабзонида шуда буданд, аз байн бурда мешаванд. Вазъи зиндагии мардуми ш.Бохтар то он дараҷа тоқатфарсо гашта истодааст, ки дигар байни хонаҳо шамол намевазад. Ин амал бошад дар водии Вахш, ки хусусиятҳои махсусу ҷуғофияи монанд ба «тропикӣ» дорад, дар оянда бегуфтугӯ боиси паҳншавӣ ва мавқеъгирии ҳар гуна микробу вирусҳо дар байни фазои танги байни хонаҳо ва муриши шаҳрвандон хоҳад гашт.

Гузашта аз ин бар асари чунин хонасозии ноқулай, масофа дар бисёре аз мавзеъҳои шаҳр он гуна танг аст, ки бар асари рӯйдоди заминҷунбию сӯхтору дигар ҳодисаҳои табиию фалокатҳои ногаҳонӣ на автомашинаи сӯхторхомӯшкуниву на дигар техникаи ёрирасон гузашта наметавонанд.

Оиди пайвандкунии биноҳои бисёрошёнаи нав ба хатти барқи ин маҳалла, пайвастани онҳо ба қубурҳои оби нӯшокӣ ва системаи корези замони «хрушёвӣ ва брежневӣ», набудани ҷои нигоҳдории мошинҳо, ки зиндагии бе ин ҳам вазнини мардуми ин шаҳрро боз ҳам вазнин карда истодааст, низ мушкил зиёд аст.

Он чиз боиси ҳайрат аст, ки дар шаҳри Кӯлоб ягон ширкати сохтмонӣ дарахти сабзеро набурида ва ҷои истироҳатии шаҳрвандону майдони бозии кӯдаконро назди биноҳои серошёна аз худ накардаасту дар шаҳри Бохтар бо вазъи тамоман ношоями фазои хираву гармояш нигоҳ накарда, ба ин аъмоли ношоиста солиёни зиёде даст зада истодаанд.

Ягон плани генералии шаҳрсозии кишвари мутамадин бе назардошти манфиатҳои шаҳрвандон, ҳуқуқу озодиҳои онҳо, алайҳи меъёрҳои Конститутсия ва риояи талаботҳои шаҳрсозӣ, тандурустӣ, тозагии фазои байни хонаҳо, пешгирӣ аз ҳолатҳои фалокатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, сӯхтор, чапашавии биноҳо ва ғайраҳо) ба нақша гирифта намешавад. Вале дапр мо мешудааст-дия...

З.Варқа,

ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter