ХАБАРИ ДОҒ

Ҳафтаи гузашта ба яке аз ноҳияҳои ҷануби кишвар сафари корӣ доштем. Роҳ тавассути маркази ноҳияи Ҷ.Балхӣ мегузашт ва убур кардани маркази ин ноҳия воқеан тӯлонӣ ва дардисарсоз буд.

Аввалан, ки бозори марказии н.Ҷ.Балхӣ он қадар бетартиб ва бенизом аст, ки харидор ҳатман гум мешавад. Маълум нест, ки кадом навъи маҳсулот дар куҷо фурӯхта мешавад: дар бари нон сарулибоси кӯдакона, дар назди кафшҳо ширинӣ мефурӯшанд. Бозори маҳсулоти кишоварзӣ умуман дар ким-кадом гӯшаи дигар аст.

Дуввум, дар гирду атрофи бозор на ягон милисаро мебиниву на ягон корманди БДА-ро – тартибу низом ва назорат дар масири мошингард нест! Кӣ чи хел хоҳад мошинашро гузоштаасту кӣ бо кадом роҳе ёфт, ронандагӣ мекунад. Кӯчаи бе ин ҳам танги маркази ноҳияро таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт боз ҳам тангтар кардаанд – роҳатро худат ёбу гир! Ва ин ҳамагӣ 100 метр дуртар аз бинои ҳукумати ноҳия.

Дигар ин, ки роҳҳои дигари маркази н.Ҷ.Балхӣ, хосса самти беморхонаи марказӣ вайрону валангоранд, ҷӯйборҳоро кандаанд, вале барои ҳаракати автомобилҳо ягон аломат нагузоштаанд – ронандаи ноогоҳ метавонад ба ҷӯйбори кандашуда афтад. Роҳ низ ниёз ба таъмир дорад!

Биноҳои баландошёнаи назди бинои МИҲД Ҷ.Балхӣ ҳам кӯҳнаву рангпаридаву беобанд. Магар мушкил аст биноҳоро соле 1 маротиба ранг карда, аз пайи таъмири обу корез ва баровардани партовҳо шуд?

Раиси тозатаъини ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ Холмурод Раҳмон бояд ҳамаи ин проблемаҳоро, ки аз таваҷҷӯҳи раисони қаблии ноҳия дур мондаанд, имрӯз ҳаллу фасл намуда, маркази ноҳияро ба тартиб орад, зеро тавассути он шоҳроҳи байналмилалӣ гузашта, Тоҷикистонро бо Ӯзбекистону Афғонистон мепайвандад.

М.Аминзода,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter