Салом ба СССР – и азиз! Тайи 2 сол шудааст, ки маҳаллаи Арбобхотуни н.Рӯдакӣ ба ҳудуди маъмуриву марзии шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудааст. Яъне мо алакай сокинони ш.Душанбе ҳастем ва албатта аз ин меболем.
Вале 1 чиз моро нороҳат месозад ва ин ҳам бесарусомонӣ, савдо кӯчагӣ ва таваққуфи воситаҳои нақлиёти боркаш аст, ки дар шафати кӯчаи марказии ҳудуди маҳаллаи мо қарор дорад. Фурӯши танӯрҳои нонпазиву карнайи печкаву дучарха, даҳҳо ашёву лавозимоти хона ва таваққуфи шабонарӯзии мошинҳои боркаш дар 2 тарафи кӯча на танҳо симои маҳалларо коста, балки ба симои шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвари азизамон низ латма мезананд.
Ин бесарусомонӣ (ниг. ба аксҳо) танҳо дар 100 – 150 метр ҳудуд, пас аз бинои Раёсати БДА ВКД ҶТ ҷой дошта, онро метавон бо ёрии милисаҳо – нозирони минтақавӣ дар кӯтоҳтарин фурсат барканор кард. Вале чаро намекунанд, ин суолест матраҳ ба Раёсати ВКД ҶТ дар н.Синои пойтахт.
Душанбе – пойтахти азизи кишвари мост ва он бояд намуна барои 67 шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ бошад!
Н.Ҳабибов,
сокини маҳаллаи Арбобхотуни н.Синои ш.Душанбе