1 блогери тоҷик, ки даъвои ростқавлӣ дорад, ГИВ дошт. Якчанд рӯз фаъолияти ӯро дар Instagram зери назар гирифтам. Ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи мардум, ба хотири бовар кунонидани мардум ба ҳаққонияти озмуни худ дар баромадҳои ҳаррӯза гаштаву баргашта ба номи Худо қасам мехӯрд.
Албатта, ӯ аввалин ва охирин нафар нест, ки барои фоидаи молӣ номи Худоро дар миён мекашад. Бо ишора ба ин маврид, мехостам, зеҳни хонандаро ба мавзӯи ҚАСАМ ХӮРДАН ҷалб созам.
"Худо курм кна, агар дурӯғ мегум", "Валлоҳ қасам рӯзадорм, чесна мегзаронм гива", "Ба Хдо қасам чесна мегзаронмш" оддитарин қасамҳое ҳаст, ки блогерони тоҷик ба хотири пешравии кор ва касби манфиат ба номи Худо мехӯранд. Агар Худо ба қасамҳои ҳаррӯзае, ки мо мехӯрем, посухи дархур медод, ба эҳтимоли зиёд дар ҷомеа нафари солим боқӣ намемонд. Дунёро фавҷи кӯру шалу каҷ мегирифт. Садқаи Парвардигор шавам, ки нодониҳои моро бо бузургвории худ нодида мегирад.
Ҳоло суол ба миён меояд, ки оё қасам хӯрдан ба номи Худо барои ин, ки мардум дар конкурсу ГИВ (конкурсҳои интернетӣ-авомфиребӣ) ширкат кунанд, аз назари ахлоқи яктопарастӣ дуруст аст?
Аз назари дин, бо сабабҳои узрнок қасам хӯрдан ба номи Худо айб надорад. Муҳим риояи қасам ва ҷиддӣ гирифтани мавзӯи қасам аст. Чунки шахси қасамхӯрда, агар номи Худоро бидуни огоҳӣ дар мавриди ҳурмати Парвардигор ба забон меоварад, оҳиста-оҳиста дучори заъфи имон ва дурӯягӣ мешавад. Бинобар ин, гарчанде ҳар кор бояд бо бисмиллоҳ шурӯъ шавад, вале беҳтар аст, ки дар пешравии кори худ номи Худоро барои қонеъ кардани шубҳаи дигарон дастак накунӣ.
Ҳар биандешад, ки рӯзона чанд бор ба номи Худо қасам мехӯрад? Ҳеҷ медонӣ, ки Худо ва номи Худо ҳурмат дорад? Агар дар баробари Худо ва номи ӯ эҳтироми бечунучаро қоил нестӣ, ба номи Худо қасам нахӯр, чунки дар риояи қасам кӯтоҳӣ хоҳӣ кард ва ин суъиистифода аз шаъну эътибори Худост. Ҳатто агар рост мегӯйӣ, шаъну эътибори номи Худо ба маротиб болотар аз манфиатҳои рӯзмарраи туст.
Қасамхӯрӣ беадабист!!!
Ман фикр мекунам, нафароне, ки зуд-зуд ба номи Худо қасам мехӯранд, худобехабартар аз онанд, ки нишон медиҳанд. Қасам хӯрдан ба номи Худо мамнӯъ нест, вале ба садоқати нафароне шак дорам, ки аз номи Худо бешумор истифода мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, нафароне, ки бисёр қасам мехӯранд, диндории худро ба рӯйи дигарон мекашанд, ба худ унвонҳои ҳоҷиву шайху мавлавӣ медиҳанд, фиребгаранд. Мӯъмини воқеӣ риояи ҳурмати номи Худоро аз манфиатҳои пулӣ болотар медонад ва дар пешбарии корҳои худ аз восита қарор додани номи Худо даст мекашад. Нафаре, ки ба ҷалолу ҷамоли Парвардигор иқрор намудааст, аз беадабӣ дар мазҳари Ӯ бимнок аст.
Фарз мекунем, шумо амаке доред, ки вазири кишвар аст. Бовар дорам, ба хотири беқадр нашудани ном ва ҷойгоҳи ӯ, ба хотири риояи иззату эътибори ӯ, албатта агар аҳли фаҳм ҳастед, дар ҳар куҷо номи ӯро намегиред.
Худошиносӣ ба маънои зикри Худост, ба маънои ҳамеша ба фикри Ӯ будан аст, ба маънои Худоро дар ҳар кор аввалу охир дидан аст, ба маънои шурӯъи корҳо бо номи худост, вале худошиносӣ ҳаргиз ба маънои ҳар лаҳза ба номи Худо қасам хӯрдан нест.
Зуд-зуд қасам хӯрдан ба номи Худо беадабист. Чунон бош, ки суханат монанди қасам вазн дошта бошад. Ба одами росткору ростқавл бе қасам бовар мекунанд.
Агар то ҳол мисли ман аз сари нодонӣ ба номи Худо қасам мехӯрдӣ, биё ин одати ноҷурро ҳарду якҷоя барои ҳамеша тарк кунем. Ҳамин ҳоло. Чӣ гуфтӣ?
Мо Метавонем!
М.Саидисломзода
блоггер