ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Ҳаким Алӣ, адиб ва журналист, муаллифи доимии газетаи СССР аз ш.Ҳисор бо идора тамос гирифта, гуфт, ки дар робита ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Россия 1 қисса ёдам омад, ки мехоҳам барои хонандагони СССР онро нақл намоям:

- Синни Бобои ҳамсоя ба 75 дакка мезад. Вай соҳиби 4 духтару 1 писар буд. Духтаронро ба хонаи шавҳаронашон гуселонд. Писарро низ хонадор карду қарздор шуд. Писараш ба Россия ба муҳоҷират рафт, вале пас аз 1 сол ба беморӣ печида, баргашту дунёро падруд гуфт. Аз ӯ чаҳор фарзанди хурдсол монд: 3 писару 1 духтар. 

Азбаски пир шуда буданд, набераи сеюм - Дилшодро хонадор карда натавонистанд ва ӯ ба ҷустуҷӯйи “Қишлоқи тиллоӣ” рафт. Пас аз 1 сол Бобо ба Дилшод занг зада, ҳолу аҳвол пурсид: “Корҳо бад аст,- гуфт набера, - судбозӣ дорем. Ҳарчанд гуфтам, ки чаро ҳуҷҷати ронандагии  ӯзбек, қирғиз ва озарӣ ба кор мерафтаасту аз они мо не? ,“У нас такой закон!” - мегӯянду пули бо азоб ёфтагиямонро ҷарима гӯён кашида мегиранд, гуноҳи мо ҳамин аст, ки тоҷик будаем. Агар ба музди кори  дар Тоҷикистон мегирифтагиям хонадор шуда метавонистам, ҳаргиз ба ин кишвари мақомдоронаш золим намеомадам”...

Боборо ғам гирифта, беихтиёр суханони яке аз шоирони соҳибдилро ба забон овард:

“Тоҷик будан дар ин саро душвор аст”...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter