Раҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни 1 ҳамоиш дар ш. Душанбе, ки рӯзи 13.05.2019 баргузор гашт, мушкилоти соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ ва аз имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар ин соҳа ибрози назар карданд. Андозҳои зиёду ҳангуфт, боҷҳои гумрукӣ, гарон будани хизматрасонии рӯизаминӣ дар фурудгоҳҳо, риоя нагардидани созишномаҳои байналхалқӣ, алалхусус дар бахши боркашонӣ монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди авиатсия граждании минтақа ном бурда шуданд.
Бояд гуфт, ки ин ҳамоиш-нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масоили рушди авиатсияи дар минтақа бори нахуст сурат гирифта, он бо ташаббуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» баргузор гашт. Раҳбарони ширкати «Сомон эйр» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои «Эйр Астана» ва «SCAT» аз Ҷумҳурии Қазоқистон, «Авиатраффик» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе ҷамъ омада, дар бораи проблемаҳои монеасози соҳаи авиатсия гражданӣ дар минтақа сӯҳбат карда, дар баробари ин дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак низ табодули назар карданд.
Гардиши мусофирон 2 маротиба афзоиш меёбад!
Тавре зимни нишасти матбуотӣ Томас Ҳаллам, директори генералии ширкати «Сомон эйр» иброз дошт, дар ҳамоиш асосан мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи авиатсияи граждании минтақа, аз ҷумла андозҳои зиёду ҳангуфт, боҷҳои миёншикани гумрукӣ, гарон будани хизматрасониҳои рӯизаминӣ баррасӣ гардида, мавсуф таъкид намуд, ки риоя накардани созишномаҳои байналмилалӣ низ яке аз монеаҳои пешрафти соҳа шуда истодааст.
- Таъмини амнияти мусофирон ва парвозҳо вазифаи авалиндараҷаи мост ва новобаста аз проблемаҳо барои ин мо тамоми кӯшишу малакаи хешро равона месозем. Тибқи дурнамои ИАТА то соли 2037 гардиши мусофирон дар саросари ҷаҳон 2 маротиба афзоиш меёбад ва бо сабаби гароиши маркази иқтисоди ҷаҳонӣ аз Ғарб ба Шарқ, сатҳи интиқолоти ҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло хоҳад рафт ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ омили муҳими ин раванд мебошад, - қайд намуд ҷаноби Томас Ҳаллам.
Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар навбати хеш қайд намуд, ки мубаддал намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои рушди ҳукумати кишвар буда, чунин ҳамоишҳо барои амалӣ ёфтани ин ҳадаф заминагузорӣ мекунанд.
- Дар баробари баррасии мушкилоти соҳа роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа табодули назар карда, бо таҷрибаи ҳамдигар аз наздик ошно мешаванд. Чунин нишастҳо имкон медиҳанд ба лоиҳаҳои нави хамкорӣ асос гузошта, барои таъсиси хатсайрҳои нави ҳавоӣ низ мусоидат намоянд,-таъкид дошт мавсуф дар сӯҳбати худ бо хабарнигорон.
Нархгузорӣ бояд асоснок ва шаффоф бошад
Раҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа зимни ин нишаст 1 қатор мушкилоти соҳаро қайд намуданд, ки ба рушди авиатсия дар Осиёи Марказӣ халал ворид месозанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки натанҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки мақомоту сохторҳои танзимкунандаи соҳа набояд аз бехатарии авиатсионӣ сарфи назар намоянд ва ба пуррагӣ ба стандартҳои байналмилалии бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), стандартҳои техникии Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо (EASA), аудити бехатарии истифодабарии ИАТА (IOSA) ва талаботи аудити ИАТА оид ба бехатарии хизматрасонии рӯизаминӣ (ISAGO) ҷавобгӯ бошанд.
Инчунин, диққати ҳукумати кишварҳо бояд ба истифодабарии таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба андозбандӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар хароҷоти марбутта ҷалб карда шавад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла коркарди маълумот дар бораи мусофиронро барои мақсадҳои бехатарии авиатсионӣ муҳим мешуморанд, аммо низомҳои мазкур набояд аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон маблағгузорӣ шаванд. Айни замон дар 94 кишвари ҷаҳон аз коркарди маълумотҳои мусофирон пардохтҳо ситонида намешаванд. Афзоиши хатсайрҳои мустақим шарти асосии амалисозии иқтидори рушди иқтисодии кишварҳо мебошад ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҳукуматҳои кишварҳо даъват ба амал меоранд, ки стандартҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шуда, инфрасохтори зарурӣ аз рӯи нархгузории асосноку шафоф, ҳам дар нисбати интиқолоти ҳавоӣ ва ҳам дар нисбати хизматрасонии рӯизаминӣ густариш дода шавад.
Ҷамилаи Мақсуд, СССР
Санаи 15.04.2019 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони воҳидҳои сохтории Бонк, мудирон ва сармуҳосибҳои филиалҳо иштирок доштанд. Нахуст Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ ҳозиринро хайрамақдам намуда, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид. Пас аз пазироии меҳмонон, Сироҷиддин Икромӣ аз натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот дод. Зикр гардид, ки татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва ҳадафҳои гузоштаи Бонк барои соли 2019 имкон дод, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошташуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ дар давраи ҳисоботӣ таъмин гардаанд. Муовини Раиси бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ҷиҳати кам намудани муомилоти нақдӣ ва зиёд намудани гардиши маблағҳои ғайринақдӣ дар Бонк андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ин масъала тақвият дода шавад ва боз ҳам бештар рушд ёбад. Сипас, нисбати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба филиалҳое, ки нақшаҳои худро бо зарар ҷамъбаст намудаанд, супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар қисмати дуюми ҷаласа, аз ҷониби Сардори Идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати Департаменти тараққиёт ва идоракунии хавфҳои бонкӣ Раҳимзода Ш. аз натиҷаи корҳо ва камбудиҳои ҷойдошта, дар самти фаъолияти филиалҳо рӯнамоӣ пешниҳод гардид. Лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри бартараф намудани мушкилиҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва устувор намудани мавқеи Бонк дар бозори байнибонкӣ, Лоиҳаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2019 қабул карда шуд.
Вохӯрии Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Бонки Давлатии рушди Хитой
Рӯзи 19.04.2019 Раиси Раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи кории Бонки давлатии рушди Хитой вохӯрӣ анҷом дод. Ҳайати кории Бонки давлатии рушди Хитойро ҷаноби Фен Дже роҳбарӣ намуд. Мақсад аз ташрифи ҳайати корӣ ин баррасӣ намудани масъалаҳои корӣ ва рушд додани ҳамкориҳои молиявии БДРХ бо БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро дар бар мегирифт. Дар оғоз Раиси Раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ меҳмононро пазироӣ намуда, аз ҳамкориҳои тулонӣ ва самараноки ду Бонк, ки ҳар ду ҳам аъзои Иттиҳоди Байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷаноби Фен Дже дар рафти вохӯрӣ иброз дошт, ки БДРХ «Амонатбонк»-ро ҳамчун як шарики боэътимоди худ миёни бонкҳои Тоҷикистон дониста аз ҳамкориҳои самараноки судманд тарафдорӣ менамояд. Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои ба имзо расонидани хатти қарзии манфиатнок барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо юани Хитой баррасӣ гардид. Ҷонибҳо дар доираи Ҷаласаи Иттиҳоди Байнибонкии СҲШ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад саривақтӣ шуморида, барои ба имзо расонидани санадҳои муҳим ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин меҳмонон дар доираи густариши ҳамкориҳо масъалаи бозомӯзии кормандони Бонкро дар Ҷумҳурии мардумии Чин арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар нафар корманде, ки бо пешниҳоди «Амонатбонк» дар Хитой такмили дониш менамояд пас аз бозгашт метавонад дар рушди ҳамкориҳо ва Бонк саҳми арзандаи худро гузорад. Лозим ба зикр аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» тӯли бештар аз 10 сол бо БДРХ шартномаи ҳамкорӣ дошта дар ин муддат аз қарзҳои пешниҳоднамудаи Бонки мазкур, ки тариқи Амонатбонк сурат мегирифт, чандин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ рушд ёфтаанд. Дар хотима ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати омода намудани тамоми ҳуҷҷатҳои лозима барои ба имзо расонидани созишномаҳои нав тасмими ҷиддӣ гирифтанд.
Маркази матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»
Кормандони «IRS» дар баробари дигар корҳо, фаъолияташонро баҳри бартарафсозии пайомадҳои боришот тавсеа бахшиданд...
Зимистони имсола хеле сербарф буд ва бориши пуршиддати борон дар рӯзҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки ин раванд дар фасли баҳор низ идома хоҳад ёфт. Мушоҳидаҳо далели онанд, ки сарфи назар аз фарорасии моҳи дуюми фасли баҳор тармафароӣ дар масири роҳи Душанбе-Чанок қатъ нашуда, рӯзҳои охир дар километрҳои 60, 61, 71, 80, 81, 121, 156, 157, 160 тармаҳои калонҳаҷм фаромад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар муддати кутоҳ техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат ба маҳалли тармафаромада сафарбар ва тармаҳо филфавр бартараф шуданд. Агар дар фасли зимистон кормандони «IRS» ба бартарафсозии тармаҳо, коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш, васеъ кардани роҳ дар минтақаҳои тармафаромада, расонидани кумак ба ронандагони дар роҳ дармонда машғул бошанд, пас дар мавсмими гармо бартарафсозии пайомадаҳои дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, шусташавии роҳ, лағжиши кӯҳпора ва ғайра мадди назар аст. Илова ба ин, ҳамасола бо фаро расидани мавсими гармо таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ шурӯъ гардида, дар ин замина то 50 километр роҳ таъмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ мешавад. Биноан, агар касе андеша дошта бошад, ки бо сипаришавии фасли зимистон сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам шуда, мавсимҳои боқимонда бидуни мувоҷеҳ гардидан бо мушкил ва ба сомон расонидани ибтикоре паси сар мешаванд, комилан иштибоҳ мекунанд. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки бо фаро расидани фасли баҳор , ки бориши боронро ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд фаромадани сангпораҳо, омадани сел ва лағжиши куҳпора падидаи маъмул аст. Хоса, шоҳроҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати зиёди он аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз офатҳои табиии зикршуда зиёдтар осебпазир маҳсуб мешавад.
Далелу рақамҳои мавҷуда шаҳодат медиҳанд, ки кормандони филиали Ширкат, ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммаашон вогузор аст, баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо тавонманданд ва аз имкониятҳои зиёди дар ихтиёрдошта самарнок истифода намуда истодаанд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки пешгирии ҳамаи онҳо берун аз имконоти инсон аст... Шоҳиди он ҳастем, ки дар давоми рӯзи охир дар мамлакат бориши борон раванди муттасил шуда, боиси расидани хисороти ҷиддӣ гардид. Омили мазкур ва дар ин замина омадани сел, лағжиши кӯҳпора ва сангфароӣ дар масири шоҳроҳи Душанбе-Чанок масъулияти кормандони филиали ширкати «IRS»-ро дучанд кард. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои қаблӣ низ аз ҷониби филиали Ширкат барои ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳи мавриди назар маблағи зиёд харҷ гардида, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар ибтикори ба ин раванд вобаста, мадди назар қарор дошт. Чунин вазъият бештар дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд ба мушоҳида расида, селе, ки дар натиҷаи бориши пуршиддат омад, ба баъзе қитъаҳои роҳ зарари ҷиддӣ расонид. Илова ба ин, ҳамасола дар минтақаи Зарафшон сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣ ба маротиб баланд шуда, аксар маврид хавфи зери об мондани баъзе мавзеъҳои роҳро ба вуҷуд меорад. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали ширкати фавқуззикр шоҳроҳи мазкур, ба истиснои рӯзҳои зиёд будани хавфи тармафароӣ умуман баста набуд. Мавҷудияти зиёда аз 186 мошину техника ва механизмҳои замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи барои нигоҳдории роҳ зарур далели возеҳи онанд аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳ азми қавӣ ва нияти нек доранд.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал ҷиҳати идомаи гуфтушунид оид ба тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари корӣ Ҳайати ХБА бо роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, 4 марти соли 2019, бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода мулоқоти корӣ доир намуд. Дар мулоқоти мазкур Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони воҳидҳои калидии БМТ ширкат варзиданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои мусоид ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтар гардидани вазъи молиявии низоми бонкӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ ва ҳамоҳангии он бо сиёсати фискалӣ мубодилаи афкор намуданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни мулоқот бо меҳмонон оид ба фароҳам омадани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳо дар минтақа, самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар, рушди бахши воқеӣ, муътадилии сатҳи таваррум ва татбиқи босамари фишангҳои нави сиёсати пулию қарзӣ-ҳадафгирии таваррум, устувории бахши молиявӣ, нақшаҳои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта, солимгардонӣ ва таҷдид дар низоми бонкӣ сухан ронд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ноил гаштан ба мувофиқаи ниҳоӣ дар таҳияи лоиҳаи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо дастгирии ХБА изҳори умед карда, ҷиҳати мусоидат дар раванди таҳлилҳо аз рӯи самтҳои дахлдори низоми бонкӣ барои ҳамкорӣ ва пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаро баён намуд.
Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ дар хусуси ноил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудиҳо дар самтҳои ҳадафнок, аз ҷумла коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ изҳори назар карда, дар баробари ин зикр намуд , ки ҳанӯз дар ин самт фаъолияти дахлдорро ба анҷом расонидан лозим аст. Хонум Падамжа Ханделвал инчунин фаъолиятро дар самти коҳиш додани қарзҳои беруна, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи фишангҳои муосири монетарӣ ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ибрози назар кард. Дар идома Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба татбиқи ислоҳот дар бахши бонкдорӣ ва дастрасӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард. Зикр карда шуд, ки дар ин самт бо ҳамкории Вазорати молия лоиҳаи як қатор тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ омода гардида, ҷиҳати беҳтар намудани идоракунии молияи давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Хонум Падамжа Ханделвал изҳор намуд, ки ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи ислоҳоти сиёсати монетарӣ ва бахши низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад, ҳамчунин барои мусоидат намудан дар роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии Хазинаи байналмилалии асъор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳад варзид. Дар интиҳои мулоқоти корӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ изҳори сипос намуда, дар иҷрои вазифаҳои дарпешгузошта фаъолияти пурсамар ва бобарору комёбӣ таманно намуд. Мавриди зикр аст, ки Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки роҳбарии ҳайати ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад, аз санаи 4 то 14 марти соли 2019, бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ- бонкӣ, ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳанд дод.
Густариши ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо БАТР
5 марти соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)-ро таҳти роҳбарии Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Мавзӯи асосии музокирот аз баррасии дурнамои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли оянда иборат буд. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, бахусус татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар соли 2018,, таъмини шаффофият ва беҳтар гардидани вазъ дар соҳаи бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол ва татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ бо истифода аз фишангҳои муосир шинос намуда, аз имкониятҳои мавҷуда баҳри васеъ кардани доираи фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон ибрози назар кард. Ҳадафи асосии ташрифи ҳайати БАТР баҳогузорӣ ва таҳлили вазъи кунунии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва муайян кардани иқтидори бахши хусусӣ маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ин, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи сифатан нав, муайян намудани афзалият барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар такя ба бахши хусусӣ ҷалб намуд. Дар ин радиф зарурати ба инобат гирифтани самтҳои афзалиятноки кишвар дар таҳияи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои солҳои минбаъд бо таваҷҷуҳи бештар ба дастгирии лоиҳаҳои бахши идоракунии давлатӣ ва маблағгузории самти обтаъминкунӣ аз ҷониби БАТР, инчунин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ карда мешаванд. Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн дар мавриди тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ карда, аз татбиқи лоиҳаҳои БАТР дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкорӣ дар оянда сухан кард. Зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳлили бахши хусусӣ натиҷаи фаъолияти ҳайати БАТР дар Тоҷикистон хоҳад буд ва асоси Стратегияи ҳамкории БАТР-ро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкид медиҳад. Бинобар ин, омӯзиши мазкур барои фаъолияти сармоягузории ҷорӣ ва минбаъда, ки бевосита барои ҷалби ислоҳоти сохторӣ ва соҳавии кишвар нигаронида шудааст, афзалият хоҳад дод. Ҷаноби Нил Маккейн изҳор дошт, ки дар доираи Стратегияи мазкур вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар рушди бахши молия, тиҷорат ва бахши хусусӣ дар назар аст. Фаъолияти БАТР ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона шуда, бо ин роҳ метавонад ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд, зикр гардид зимни мулоқот. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин, муовини директори БАТР дар Осиёи Марказӣ, иқтисодчии пешбари минтақавӣ Ханс Холтсхакер, роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, машваратчии калон оид ба идорасозӣ ва масоили сиёсӣ Анастасия Родина, сариқтисодчии идорасозии иқтисод ва сиёсат Азиза Зоҳидова, иқтисодчии пешбари БАТР Идил Алпаслан Билджик ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Модар офаридагор ва тарбиятгари насли башар!
7 марти соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронии худ модарони азиз ва бонувони гиромиро ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, дар ин айёми баҳору сарсабзии табиат барояшон сиҳатию саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу намуд. “Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо шароит ва имконияти мусоид фароҳам овард, ки занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва гул-гул шукуфтани Ватани азизамон фаъолона саҳм гузоранд. Дар баробари ин, Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким ва боло бурдани мақоми зан-модар дар ҷомеа пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад. Бояд таъкид кард, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз тарафи Пешвои миллат ба масъалаи нақши занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо дар бунёди давлатдории нави миллӣ баҳои баланд дода мешавад.
Дар ҳамовозӣ бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон бо боварӣ метавон гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣ то ба вазифаҳои пурмасъули Муовини Раис, котиби Раёсат ва сардорони идораву шуъбаҳои мустақил мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар амиқтар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем мебинем, ки ба санаи 01.03.2019 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 245 нафар, ё 30,4%-ро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки нақши занону духтарон дар фаъолияти бонкдории мамлакат имрӯз шоиста арзёбӣ мешавад. Меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо қадршиносӣ карда мешавад. Умедворем, ки занони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт”, - қайд кард Ҷ.Нуралиев.
Сардори шуъбаи тарҷума Мирзоҳасан Султонов, раиси Кумитаи иттифоқи касаба Рустам Маҳмудов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Моҳбону Накатова ва мутахассиси пешбари Департаменти технологияҳои иттилоотӣ Содиқ Расулов низ, дар навбати худ занону модаронро бо Рӯзи Модар таҳният гуфта, иброз доштанд, ки эҳтироми бонувон ва модарони арҷманд кори як рӯз дар тӯли сол нест, балки онҳо сазоворанд ҳамеша барояшон эҳтиром қоил бошем. Дар анҷоми ҷамъомад Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бори дигар бонувони Бонки миллии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, изҳори умед кард, ки минбаъд низ занону модарони арҷманди мо баҳри рушди низоми бонкӣ саҳми босазои худро мегузоранд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Дар чаҳорчӯбаи амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҶТ Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис хоҳад ёфт.
Ин масъала рӯзи гузашта дар маҷлиси Ҳукумати кишвар баррасӣ карда шуда, гуфта мешавад, ки он дар баробари 5 Минтақаи озоди иқтисодии дигари мамлакат бояд барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи Кӯлоб шароити лозимаро фароҳам оварад.
Бино ба иттилои расмӣ, дар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҶТ, ки таҳти роҳбарии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт, нахуст “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019” гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои 1 қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар