Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал ҷиҳати идомаи гуфтушунид оид ба тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари корӣ Ҳайати ХБА бо роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, 4 марти соли 2019, бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода мулоқоти корӣ доир намуд. Дар мулоқоти мазкур Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони воҳидҳои калидии БМТ ширкат варзиданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои мусоид ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтар гардидани вазъи молиявии низоми бонкӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ ва ҳамоҳангии он бо сиёсати фискалӣ мубодилаи афкор намуданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни мулоқот бо меҳмонон оид ба фароҳам омадани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳо дар минтақа, самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар, рушди бахши воқеӣ, муътадилии сатҳи таваррум ва татбиқи босамари фишангҳои нави сиёсати пулию қарзӣ-ҳадафгирии таваррум, устувории бахши молиявӣ, нақшаҳои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта, солимгардонӣ ва таҷдид дар низоми бонкӣ сухан ронд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ноил гаштан ба мувофиқаи ниҳоӣ дар таҳияи лоиҳаи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо дастгирии ХБА изҳори умед карда, ҷиҳати мусоидат дар раванди таҳлилҳо аз рӯи самтҳои дахлдори низоми бонкӣ барои ҳамкорӣ ва пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаро баён намуд.
Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ дар хусуси ноил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудиҳо дар самтҳои ҳадафнок, аз ҷумла коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ изҳори назар карда, дар баробари ин зикр намуд , ки ҳанӯз дар ин самт фаъолияти дахлдорро ба анҷом расонидан лозим аст. Хонум Падамжа Ханделвал инчунин фаъолиятро дар самти коҳиш додани қарзҳои беруна, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи фишангҳои муосири монетарӣ ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ибрози назар кард. Дар идома Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба татбиқи ислоҳот дар бахши бонкдорӣ ва дастрасӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард. Зикр карда шуд, ки дар ин самт бо ҳамкории Вазорати молия лоиҳаи як қатор тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ омода гардида, ҷиҳати беҳтар намудани идоракунии молияи давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Хонум Падамжа Ханделвал изҳор намуд, ки ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи ислоҳоти сиёсати монетарӣ ва бахши низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад, ҳамчунин барои мусоидат намудан дар роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии Хазинаи байналмилалии асъор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳад варзид. Дар интиҳои мулоқоти корӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ изҳори сипос намуда, дар иҷрои вазифаҳои дарпешгузошта фаъолияти пурсамар ва бобарору комёбӣ таманно намуд. Мавриди зикр аст, ки Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки роҳбарии ҳайати ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад, аз санаи 4 то 14 марти соли 2019, бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ- бонкӣ, ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳанд дод.
Густариши ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо БАТР
5 марти соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)-ро таҳти роҳбарии Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Мавзӯи асосии музокирот аз баррасии дурнамои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли оянда иборат буд. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, бахусус татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар соли 2018,, таъмини шаффофият ва беҳтар гардидани вазъ дар соҳаи бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол ва татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ бо истифода аз фишангҳои муосир шинос намуда, аз имкониятҳои мавҷуда баҳри васеъ кардани доираи фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон ибрози назар кард. Ҳадафи асосии ташрифи ҳайати БАТР баҳогузорӣ ва таҳлили вазъи кунунии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва муайян кардани иқтидори бахши хусусӣ маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ин, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи сифатан нав, муайян намудани афзалият барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар такя ба бахши хусусӣ ҷалб намуд. Дар ин радиф зарурати ба инобат гирифтани самтҳои афзалиятноки кишвар дар таҳияи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои солҳои минбаъд бо таваҷҷуҳи бештар ба дастгирии лоиҳаҳои бахши идоракунии давлатӣ ва маблағгузории самти обтаъминкунӣ аз ҷониби БАТР, инчунин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ карда мешаванд. Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн дар мавриди тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ карда, аз татбиқи лоиҳаҳои БАТР дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкорӣ дар оянда сухан кард. Зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳлили бахши хусусӣ натиҷаи фаъолияти ҳайати БАТР дар Тоҷикистон хоҳад буд ва асоси Стратегияи ҳамкории БАТР-ро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкид медиҳад. Бинобар ин, омӯзиши мазкур барои фаъолияти сармоягузории ҷорӣ ва минбаъда, ки бевосита барои ҷалби ислоҳоти сохторӣ ва соҳавии кишвар нигаронида шудааст, афзалият хоҳад дод. Ҷаноби Нил Маккейн изҳор дошт, ки дар доираи Стратегияи мазкур вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар рушди бахши молия, тиҷорат ва бахши хусусӣ дар назар аст. Фаъолияти БАТР ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона шуда, бо ин роҳ метавонад ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд, зикр гардид зимни мулоқот. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин, муовини директори БАТР дар Осиёи Марказӣ, иқтисодчии пешбари минтақавӣ Ханс Холтсхакер, роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, машваратчии калон оид ба идорасозӣ ва масоили сиёсӣ Анастасия Родина, сариқтисодчии идорасозии иқтисод ва сиёсат Азиза Зоҳидова, иқтисодчии пешбари БАТР Идил Алпаслан Билджик ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Модар офаридагор ва тарбиятгари насли башар!
7 марти соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронии худ модарони азиз ва бонувони гиромиро ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, дар ин айёми баҳору сарсабзии табиат барояшон сиҳатию саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу намуд. “Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо шароит ва имконияти мусоид фароҳам овард, ки занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва гул-гул шукуфтани Ватани азизамон фаъолона саҳм гузоранд. Дар баробари ин, Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким ва боло бурдани мақоми зан-модар дар ҷомеа пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад. Бояд таъкид кард, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз тарафи Пешвои миллат ба масъалаи нақши занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо дар бунёди давлатдории нави миллӣ баҳои баланд дода мешавад.
Дар ҳамовозӣ бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон бо боварӣ метавон гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣ то ба вазифаҳои пурмасъули Муовини Раис, котиби Раёсат ва сардорони идораву шуъбаҳои мустақил мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар амиқтар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем мебинем, ки ба санаи 01.03.2019 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 245 нафар, ё 30,4%-ро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки нақши занону духтарон дар фаъолияти бонкдории мамлакат имрӯз шоиста арзёбӣ мешавад. Меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо қадршиносӣ карда мешавад. Умедворем, ки занони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт”, - қайд кард Ҷ.Нуралиев.
Сардори шуъбаи тарҷума Мирзоҳасан Султонов, раиси Кумитаи иттифоқи касаба Рустам Маҳмудов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Моҳбону Накатова ва мутахассиси пешбари Департаменти технологияҳои иттилоотӣ Содиқ Расулов низ, дар навбати худ занону модаронро бо Рӯзи Модар таҳният гуфта, иброз доштанд, ки эҳтироми бонувон ва модарони арҷманд кори як рӯз дар тӯли сол нест, балки онҳо сазоворанд ҳамеша барояшон эҳтиром қоил бошем. Дар анҷоми ҷамъомад Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бори дигар бонувони Бонки миллии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, изҳори умед кард, ки минбаъд низ занону модарони арҷманди мо баҳри рушди низоми бонкӣ саҳми босазои худро мегузоранд.
Шуъбаи матбуоти БМТ