ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Истамбул рав!

  • Чоршанбе, Апр 03 2019

Сафари ман ба Истамбул ин маротиб тӯҳфаи идонаи бачаҳои редаксия буд: Дар Рӯзи Модарон-8 март. Сайёфи Мизроб-сардабири газета дар ҷаласаи ҳайати эҷодии рӯзнома, ки ҳар ҳафта пас аз нашри шумораи навбатӣ сурат мегирад, гуфт, ки 1 бону дорем ва метавонем барояш саёҳати 2 рӯзаро ба Истамбул фароҳам орем. Ва ҳамин тавр шоми 8.03.2019 ман ба Истамбул-калонтарин шаҳр ва маркази савдою тиҷорату саёҳати Туркия, парвоз намудам. Дар баробари тамошову саёҳат дар мавзеҳои таърихии Истамбул, фурӯшгоҳҳои калон ва сайри халиҷи Босфор… боз бо чанд ҳолати дигаре рӯбарӯ шудам, ки маро нигарон сохту тасмим гирифтам дар ин бора нависам. Мо метавонем!



Тарси «депорт»
8.03.2019. Соат бо вақти Душанбе 18:00 дақиқа.
Ҳавопаймои ширкати «Сомон эйр» дар самти Душанбе-Истамбул расо дар вақташ парвоз кард. Роҳ аз Душанбе то Истамбул 4 соату 50 дақиқаро дар бар мегирад ва тӯли ин вақт мусофирон метавонанд бо ҳам унс гирифта, сӯҳбат кунанду хӯроки шоми ҳавопаймоиро бо ҳам бубинанд. Маълум аст, ки мусофирони асосӣ туҷҷору савдогаронанд, вале буданд нафароне, ки барои кор мерафтанд.
Дар паҳлӯи ман ҷавони тақрибан 28-30 солае нишаста буд, ки бори нахуст ба Туркия парвоз дошт. Ӯ пайваста дар бораи чӣ гуна рад шудан аз гузаргоҳи марзиву гумрукии фурудгоҳи Отатурк мепурсиду аз ин ба таҳлука афтода буд. Чун сабаб пурсидам, гуфт, соле қабл хоҳараш барои кор ба Туркия омаду пасон «депорт» шуд ва ҳоло аз он метарсад, ки бо ин иллат ӯро ҳам «депорт» накунанд: Туркия қонунҳои сахту сангин дорад нисбат ба муҳоҷирон. Ҷавон, ки Абдурасул ном дошту сокини ш.Душанбе буд, бо даъвати кадом хешаш барои кор ба Измир, яке аз шаҳрҳои дигари Туркия мерафт, лек ҳатто дар роҳи сафар намедонист, ин чӣ кор асту то Измир бояд чӣ тавр равад.

«Чистка»-и туркӣ дар фурудгоҳи Отатурк
8.03.2019. Соат бо вақти Истамбул 20:40 дақиқа (вақти Душанбе аз Истамбул 2 соат фарқ дорад!).
Ҳавопаймо дар вақташ ба фурудгоҳи байналмилалии Отатурк фуруд меояду бо навбат аз он хориҷ мешавем. Ҳанӯз ба наздикии гузаргоҳи марзӣ нарасида, чанд тан дар либоси ғайринизомӣ мусофирони парвози Душанберо пешвоз гирифта, афроди шубҳанокро ба 1 сӯ даъват мекунанду шиносномаҳои онҳоро ҷамъ. Яке аз он нафарон, ки дар кисаи куртааш корти полисӣ дошт, «пардон, мадам, велкам!», яъне, «маъзарат хонум, хуш омадед!»-гӯён иҷозат дод, ки гузашта равам. Наздики 20 нафар мардону занони Тоҷик барои аз тафтишу санҷиши полиси турк гузаштан монданд ва инҳо асосан касоне буданд, ки риш гузоштаву ба сар сатрҳои ваҳшатноки сиёҳ баста… 1 зани дигари Тоҷике, ки соҳибкор будаасту солҳои зиёд ба Туркия равуо мекунад, ин ҳолатро дида гуфт, чунин тафтишу санҷиш танҳо 1-2 соли охир пайдо шудааст.
-Пеш аз ҳама худамон гунаҳкорем, зеро то тавонистем омадему тавассути хоки Туркия ба Сурия ва Ироқ гузаштем, занону фарзандонро бурдем, ҳам ба кишвари худамон хиёнат кардем ва ҳам ба меҳмоннавозии ин кишвар. Аз мост, ки бар мост! Бубинед, киро полис манъ кард? Боз ҳамон ришдорону сатрҳои сиёҳи ваҳшатнокро! Чӣ, магар дар Туркия занҳо сатр намепӯшанд? Мепӯшанд, аммо бо 1 назокати хос, вале чаро сатрҳои занҳои мо, хоса, занҳои ҷавону духтарон болохонадор аст? Болои ин сатр ҳарчӣ гузоштан мумкин, маҳз барои ҳамин полис онҳоро тафтиш мекунад, - гуфт зани ҳамсафари ман.

«Маро заказ кардаанд!»
Дар навбати гузаштан аз гузаргоҳи марзӣ, ки хеле тӯлонист, бо 3 нафар ҷавонзани дигари Тоҷик ошно шудам. Онҳо ҳам ҳамсафарони ман буданду яке назди шавҳараш, ки дар Истамбул кор мекардааст, омада буд. Дуюмӣ сокини ш.Панҷакент буд, гуфт, холааш чанд сол боз дар Истамбул кор мекунаду ӯ низ маҷбур шуд пас аз «депорт» шудан аз ш.Маскав, ба Туркия биёяд ва инҷо дар пайи пайдо кардани 1 луқма нон барои худу 2 фарзанду модари пираш шавад. Ӯ ҳанӯз намедонист, холааш бо чӣ кор машғул асту барояш чӣ коре ёфтааст, «шояд парастори кӯдак шавам, ё хонаи чанд нафарро тоза кунам, намедонам»-гуфт ӯ.
Духтари 3-юм, ки ба инҳо дар фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳ шудааст, дар тан либоси варзишии бахмалии нуқрафом дошту аз ҳад зиёд ороишдида. Бо ишваю ноз мегуфт, танҳо барои 1 ҳафта омадаасту каме пул кор карда меравад. «Маро заказ кардаанд, ҷоям тайёр аст, ба пешвозам меоянд!» гуфт бо фахр. Кӣ будану барои чӣ омаданашро зуд фаҳмидаму ба ҳар 3 таъкид кардам, ки зинҳор шиносномаи Тоҷикии хешро ба касе надиҳанд, то фиреб хӯрда ба доми одамфурӯшон наафтанд ва ғулом нашаванд. Ҳамчун 1 шаҳрванди Тоҷик вазифаам буд, то ба онҳо ҳушдор бидиҳам. Пас аз гузаштан аз марз ва гирифтани бору бағоч танҳо якеи онҳоро дидам, ки шавҳараш ба пешвозаш омада буд, 2-и дигар нопадид шуданд…

«Мехоҳем депорт шавем!»
10.03.2019. Соат бо вақти Истамбул 22:00 дақиқа.
Барои сафари баргашт дар навбати бақайдгирӣ ва супоридани бору бағоч дар фурудгоҳи Отатурк истода будам, ки 2 ҷавон наздам омада худро сокинони ш.Душанбе гуфта, пул пурсиданд-«Мехоҳем депорт шавем, лек пуламон камӣ мекунад, агар имкон бошад 40 евро қарз диҳед, дар Тоҷикистон бароятон бармегардонем!». Баъдан фаҳмидам, ки аксари шаҳрвандони Тоҷик, хоса, ҷавонон, ки барои кор ба Туркия меоянду худро солҳои зиёд сабти ном ва иқомат намекунанд, аз ин кишвар бо «депорт» мераванд. Яъне, 1 ҷавон 2-3 сол кор мекунад, вале дар ин муддат на сабти иқомат дораду на иҷозати расмии кор дар Туркияро, ҳини баргаштан худро «депорт» эълон карда, бо пардохти маблағи кам 40-50 евро дар қисмати хоси фурудгоҳ ба Ватан бармегардад. Агар ӯро мақомоти Туркия барои будубоши ғайриқонунӣ биқапанд, он гоҳ ҳам ҷаримааш ҳангуфт мешавад (то 40.000 евро!!!) ва ҳам дигар ҳуқуқи ба Туркия омаданро аз даст медиҳад.

 «Тило дорам, намебаред?»
Чизи дигаре, ки дар фурудгоҳи Отатурк ҳангоми дар навбат истодан дар қисмати парвозҳои Душанбе рӯбарӯ шудам-ин тиҷорати хурди тилои туркӣ буд. 1 зан нахуст аз дур маро назорат карда, баъдан наздик шуду пурсид, ки бору бағочам чӣ қадар аст. Бо суол сӯяш нигаристам, дарҳол пурсид, ки «1 миқдор тило дорам, барои хоҳарам гирифтаам, намебаред? Ангуштарҳоро ба ангуштон, гарданбандро ба гардан ва дастпонаҳоро ба даст андохта гузаред, касе чизе намегӯяд». Ба чекҳои ин ҷавоҳирот нигоҳ кардам, зан афзуд, ки агар ба хоҳараш писанд наояд, метавонад ба мағоза баргардонад… Дар ин маврид Аҳмад-бей, намояндаи ширкати «Сомон эйр» дар Туркия ба кӯмакам омаду нагузошт, ки ин зан бори қочоқи худро ба воситаи ман ба Душанбе фиристад. Таҷриба, ки надорам, шояд дилам сӯхта меовардаму дар фурудгоҳи Душанбе маро кормандони гумрук боздошт мекарданд... Эҳтиёт ними ҳаёт! Мо метавонем!!!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Истамбул-Душанбе, 8-10.03.2019

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter