ХАБАРИ ДОҒ

Бунёди корхонаҳои кимиёвии ТАЛКО дар арафаи анҷомёбианд

  • Ҷумъа, Июн 10 2016

Айни замон бунёди 3 корхонаи калони саноатӣ – кимиёвӣ: корхонаҳои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва кислотаи сулфат дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, ки дар чаҳорчӯбаи стратегияи рушди ашёи хоми маҳаллии КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» - ТАЛКО татбиқ мешавад, дар арафаи анҷомёбист. Ифтитоҳ ва ба истифода додани ин корхонаҳо моҳи августи соли 2016 пешбинӣ гардидааст.

 Бояд қайд намуд, ки тибқи стратегияи иқтисодии давлатӣ ва сиёсати ҶТ дар соҳаи саноат, ки ба иваз намудани воридоти молҳои саноатӣ нигаронида шуда, талаботи бозори дохилиро нисбат ба молҳои истеҳсоли ватанӣ – воридотивазкунанда зиёд карда ширкати ТАЛКО алакай ба татбиқи мушахасси инноватсионии худ дар ин ҷода шурӯъ намудааст.

Аз рӯи нақша, корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат бо иқтидори 130 ҳазор тонна дар 1 сол, корхонаи истеҳсоли криолит бо иқтидори истеҳсоли 12 ҳазор тонна дар 1 сол ва корхонаи истеҳсоли фториди алюминий бо иқтидори истеҳсоли 18 ҳазор тонна маҳсулот дар 1 сол фаъолият хоҳанд дошт. Дар лоиҳа сохтмони корхона насби 2 генератори гази технологияи сатҳи баланди муосир ба нақша гирифта шудааст, ки солее 30 ҳазор тонна ангиштро мавриди истифода қарор медиҳад. Таҳвилгари ангишт бошад ширкати «ТАЛКО – Ресурс» буда он ба истихроҷи ангишт аз кони «Фон – Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ машғул аст.

Фаъолияти ин корхонаҳо барои паст кардани арзиши аслии алюминий, таъмин намудани бехатарии ашёи хом дар истеҳсоли алюминий, мавҷуд будани харидори замонатдор дар симои КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳанд кард.

Чуноне ки Игор Уроқов. Сардори Департаменти иттиллоот ва таҳлили КВД «Ширкати Алюбминии Тоҷик» рӯзи 10 июн ҳангоми боздид аз корхонаҳои номбурда дар ноҳияи Ёвон ба рӯзноманигорон хабар дод, арзиши ин лоиҳа 126 миллиондоллари амрикоиро ташкил намуда маблағи худи инвеститсияшуда 37,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Қисми боқимонда аз ҳисоби маблағҳои кредитии «ЭКСИМБОНК»-и Чин дар ҳаҷми 88,5 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мегардад. 

- Бо бунёди ин корхонаҳо мо ба якчанд ҳадаф хоҳем расид, аз ҷумла пеш аз ҳама барои мардуми маҳаллӣ ҷойи кор пайдо мешавад, 2 – ширкати алюминийи Тоҷик бо ашёи хоми маҳаллӣ маъмин гашта маҳсулоти ин корхонаҳо назар ба маҳсулоти аз хориҷ воридшаванда 2-3 маротиба арзонтар буда аз лиҳози молӣ барои КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» фоидаовар хоҳад буд ва аз ҳама муҳим бо ба дигар корхонаҳои саноатие, ки имрӯз аз кор мондаанд, пешниҳоди кору ҳамкорӣ дода ба онҳо тавлиди дубора мебахшем, – таъкид дошт Игор Уроқов.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе – Ёвон - Душанбе

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter