ХАБАРИ ДОҒ

Барқи тоҷик ба деҳсориҳо ва виризиҳои афғон

  • Сешанбе, Май 31 2016

Бори аввал дар таърих қариб 3000 нафар сокинони деҳаҳои Деҳсор ва Виризи Афғонистон ба барқи тоза, арзон ва аз нав барқароршаванда дастрасӣ пайдо намуданд.

Пайвасткунии ин ду деҳа ба шабакаи барқӣ дар чорчӯбаи Лоиҳа оид ба гузаронидани хати байнисарҳадии интиқоли барқ дар ноҳияи Шуғнон, ки бо дастгирии молиявииUSAID бо маблағи 1 млн доллари ИМА ва саҳми Бунёди Оғохон ба миқдори 464000 доллари ИМА сурат гирифт, татбиқ гардидааст. Илова ба пайвасти ин ду деҳа тавассути интиқоли барқ, лоиҳаи мазкур ба мукаммал намудани системаҳои вуҷуддошта ва зерсохтори ҶСК «Помир Энержи» мусоидат намуд, ки он дар навбати худ ба вусъат ёфтани соҳаи хизматрасонӣ ва беҳтар намудани фазои он ба муштариён ҳар ду тарафи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон асос хоҳад гузошт.

 Чуноне ки ба мухбири СССР дар сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттиллоъ доданд, таъмини барқи доимӣ бевосита ба беҳтаршавии сифати зиндагӣ мусоидат мекунад: ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо, даромад низ зиёд хоҳад шуд,халқ имконият пайдо мекунад, ки маблағ ва меҳнати худро ҷиҳати гарм кардан ва рӯшанӣ додани манзилҳояшон камтар сарфа намоянд; сатҳи маърифатнокӣ беҳтар хоҳад шуд, агар кӯдакон дар вақти бегоҳирӯзӣ ва рӯзҳои торики зимистон дар чароғи равшан дарс тайёр кунанд; паст шудани сатҳи ифлосшавии фазои дохилии манзил дар натиҷаи истифодабарии сӯзишворӣ;  сатҳи бемориҳои роҳи нафасу чашмро низ коҳиш медиҳад. Дар баробари сармоягузориҳо ба сохтмони кӯпрукҳо, бозорҳо ва роҳҳои васлкунанда, таъмини қувваи барқ ба тиҷорат ва рушди иқтисодиёт мусоидат намуда, аз бартариятҳои воқеии равобити байнисарҳадӣ байни Тоҷикистону Афғонистон гувоҳӣ медиҳад.    

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter