ХАБАРИ ДОҒ

Қимматфурӯшон ҷазо мегиранд!

  • Ҷумъа, Июл 01 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додаст, ки барои сохторҳои марбутаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот», соҳибкорону тоҷирон, ки маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзиро бевосита ва бе миёнаравҳо дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш мебароранд, шароит фароҳам оварда, дар ин замина онҳоро аз пардохти ҷамъоварии маблағҳои чиниши яквақта озод намоянд ва ҳангоми аз ҷониби фурӯшандаҳо иҷро нашудани муқаррароти дастури мазкур, беасос баланд кардани нархи маҳсулот, фаъолияти минбаъдаи онҳоро дар бозорҳои коммуналӣ қатъ гардонанд. Қарори марбут дар ин бора рӯзи 22.06.2016 ба тасвиб расида он ба Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Деҳқон», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат» «Маҷмааи савдои  Пойтахт-90» дахл дорад. 

 Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бо мақсади таъмини рақобати солим ва коҳиш додани нархи маҳсулот маъмурияти бозорҳои коммуналӣ таҳти масъулияти шахсии директорони бозорҳо, бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ ва қарзи аз буҷети шаҳр додашуда, ҳамарӯза дар моҳи шарифи Рамазон мустақиман харид, ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва ташкили ярмаркаҳои фурӯшро дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳудуди бозорҳои коммуналии шаҳр ба роҳ монанд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter