ХАБАРИ ДОҒ

Aз хӯрдани май манъ кунандам, ки ҳаром аст,

Чизе, ки дар ин шаҳр ҳалол аст, кадом аст???

Бедил

 

Дар Тоҷикистон талаб ба арақи тоҷикӣ ва «водка»-и русӣ назар ба 7-8 соли пеш чандин карат поин рафтааст. Аҳли назар омили аслии онро ба мазҳабитар шудани ҷомеаи Тоҷикистон рабт медиҳанд, ки 100% дуруст аст! Ҳамсояи ман-Парвизи 42-сола, хизматчии давлатӣ, мегӯяд, рӯзҳои иду ҷашн ва баъзан дар лаҳзаҳои фориғ аз кор, пинҳон аз чашми атрофиён 100 гр мезанад, то «ширакайфи»-яшро набинанд. Очаи 75-сола ва зану фарзандонаш низ дар «соя»-и мавъизаи рӯҳониён афтида, ба шаробнӯшии ӯ мухолифат нишон дода, қотеъона талаб доранд, ки рӯ ба тақво орад...

Сафвати мо ва ҳоҷии онҳо

Манъи фурӯш ва нӯшидан дар ошхонаву тарабхонаҳое, ки дар он ба ҷои садои мусиқӣ ҳоло «ваъз»-и воизинро мешунавем ва низ моликонаш ҳоҷиянд, нафрати ҷомеаро ба маю «водка» афзун кардааст. 

1 факти қавӣ барои исботи назар ин аст, ки тобистони соли 2010 бародари гиромии мо, журналист Сафват Бурҳонов дар маҳаллаи 61-уми н.Фирдавсӣ барои чархи зиндагии хеш ошёнаи 1-уми тарабхонаи «Суғдиён»-ро ба иҷора гирифт. Молики он ҳоҷӣ буд ва назди Сафват шарт гузошт: «Бо худ оварда нӯшидан ва фурӯхтани машруботи спиртӣ комилан манъ аст!» Акаи Сафват бо ин шарти мутаассиб ҳамагӣ 1 моҳ кор карду фақат зиён дид. 

Ҳоло ҳам бо 1 гардиши кӯтоҳ дар ошхонаю фурӯшгоҳҳои пойтахт дидам, ки дар аксар ошхонаҳо навиштаҷоти "бо худ овардан ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ манъ аст" назар ба 5 соли пеш 10 карат боло рафтааст. Ҳол он, ки дар замони Шӯравӣ ва имрӯз низ суди бештари тарабхонаҳо аз бизнеси шароб буд ва ҳаст. Бо ин усул, ҳам корхонаҳои шаробкашӣ фоида мебинанд ва ҳам БУҶАи кишвар (Сутуни ДАВЛАТ) ғанӣ. 

Сталин ва иҷозаи шароб

Воқеан, Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон, 4 сол қабл коҳиши тавлиди шаробро зарбае ба буҷаи давлатӣ унвон карда буд. Диди ӯ ба ҳақиқат хело наздик аст, зеро 60% буҷаи СССР-давлати коргару деҳқонро маҳз истеҳсол, фурӯш ва содироти машруботи спиртӣ дар дохилу хориҷ ташкил медод. Дуруст, ки ба нақли насли даврони Шӯравӣ, дар умум, «водкаи советӣ» дар хориҷ қурби зиёд доштааст, минҷумла, дар Афғонистони исломӣ! Сарфи назар аз он, ки «водка»-и шӯравӣ дар ҷамоҳири бурунмарзӣ чӣ лаззате дошт, маҳз бо фармони генералиссимус Иосиф Ҷугаашвилӣ, санаи 22.08.1941 қарори №562 «Дар бораи ворид кардани арақ ба таъминоти Артиши Сурх»-ро имзо намуд, ки аз ин баъд барои бардоштани рӯҳияи ҷангии сарбозон пеш аз ҳар амалиёт ба онҳо 100 граммӣ шароб медоданд. 

Горбачев ва манъи шароб

Вале Михаил Горбачев-ГенСеки охирин ва сархӯри СССР дар соли 1985 баракси рафтори доҳии гурҷӣ амал кард ва бо «сухой закон»-и ӯ решаи иқтисоди СССР хушкид. Бо ташаббуси ӯ соли 1985 ба истеҳсолу фурӯши машруботи советӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ гардида, тамоми ангурзорҳоро дар миқёси СССР канданд, минҷумла, боғи ангури Шаҳринавро дар РСС Тоҷикистон. Ҳини маҳдудиятҳо дар тамоми қаламрави Иттиҳод нӯшокиҳои спиртиро дар мағозаҳои махсус аз соати 14:00 то 19:00 мефурӯхтанд.

Зарари «сухой закон» ба иқтисоди РСС Тоҷикистон

Сухой Закони Горбач асоси барҳамрезии иқтисодиёти шӯравӣ шуд. Буҷҷа даҳҳо млрд рубл зарар дид. Гурҷистону Молдавия, ки асли буҷҷашон вино буд, билкулл варшикаста шуданд. Арманистон, ки беҳтарин навъи конякро мебаровард, муфлис шуд. Россия, ки зиндагонияш дар арақ буд, комилан аз фаолият монд. Ин ҳам дарди бахайр. РСС Тоҷикистон зарбаи шадидтаре хӯрд. Иқтисодиёти моро дар он замон бидуни пахтаву тамокуи ҳосили хом, маҳз винову май таъсис медод. Горбачев бо сухой законаш садҳо ҳазор гектар ангурзорро дар Себистони Данғара, навоҳии Восеъу Московский, Файзободу Ҷаббор Расулов ва Панҷакент хушконид. Майҳои беҳтарини Шаҳринаву Помир Панҷакенту Восеъу Маскав аз истеҳсолот бардошта шуданд. Пивзаводҳои Восеъу Муъминободу Душанбеву Хуҷанду Ҳисор баста шуданд. Даҳҳо ҳазор нафар бе кор монду садҳо миллион буҷҷа зиён дид. Ва ин ҳама дар баробари 1 сухой законе, ки баъдан маълум шуд, СРУ Америка онро тарроҳӣ кардаву зидди СССР пешкаши Генсеки аблаҳи мо карда будааст. Яъне СРУ бо арақ, дақиқан бо беарақӣ СССРро шикаст дод!

Сухой закони нонавишта

Дар кишвар имрӯз 24 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти спиртӣ фаъолият доранд ва дар 2 моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ин корхонаҳо беш аз 9000 декалитр арақ истеҳсол шудааст. 100 декалитр баробари 1 тонна аст. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибназарон, дар солҳои 80-уми асри 20 РСС Тоҷикистон 13 млн декалитр «водка» истеҳсол мекард, ки аксараш ба хориҷа содир мешуд. Барои мисол, майи машҳури «Ғончӣ» дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ соҳиби 19 медали сифат шуда буд. Гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо замони шӯравӣ, истеҳсоли шароб дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 200 маротиба поён рафтааст!!!

Аммо экспертҳои соҳа ва сокинони кишвар омили аслии кам шудани талабгорони шаробро боз ҳам ба мазҳабитар шудани ҷомеаи Тоҷикистон рабт медиҳанд. Хуллас, майнӯшӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ба 1 кори айб табдил меёбад. Шавкати Муҳаммадназар, корманди 1 бонк дар ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, «нағз дар ёдам ҳаст, 20 сол пеш дар тӯйи арӯсиам барои меҳмонон 120 шиша арақ оварда будам, вале соле пеш, вақте духтарамро ба шавҳар медодам, барои 140 меҳмони тӯй ҳамагӣ 12 шиша арақ рафту 1 шишаи он зиёдатӣ кард…».

Фатвои шароб

Ба майхорон расон фатвои пири майфурӯшонро,

Шароби сеталоқа бе ҳалола ҳам раво бошад!

(Алимуҳаммад Муродӣ)

Аммо фатвое, ки моҳи августи соли 2015 миёни мусулмонҳо сенсатсияро ба вуҷуд овард, иҷозаи нӯшидани миқдори ками шароб (50-100 гр!) аз сӯи рӯҳонии муқими шаҳри Сидней Мустафо Рашид буд. Ӯ дар сӯҳбати тет-а-тет бо ТВи расмии Миср изҳор намуд, ки дар Қуръони шариф мастӣ ҳаром хонда шудааст, аммо на шароб ва чун истеъмоли миқдори ками шароб одамро маст намекунад, аз ин рӯ, гуноҳ нест. “Барои ин фатво ман худам шахсан ҷавоб мегӯям!”

Сухой закони парламенти ҶТ

Ахиран парламенти кишвар қабл аз танаффуси тобистонааш боз 1 қонуни «нестандарҷаҳон» қабул кардаву истеъмоли шаробро дар соатҳои корӣ манъ намуд! Қонун чун тундар дар фазои соф садо дод. Зеро ҷаҳониён фикр карданд, ки тамомии Тоҷикон 24 соат масту аласт мегарданду ҳама майзадаем. Вагарна парлумони ҷоноҷон чаро чунин қонун қабул мекардааст?

Қонуни мазкурро коршиносон ҳамакнун чун Сухой Закони нави а ля Горбачевӣ барои Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, ки миёни иқтисодиёти бе ин ҳам заъифи моро шикаставу ҷамъиятро боз мазҳабитару экстремиститар хоҳад кард. Мо Метавонем!

Шаҳрзоди Амин,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter