Чуноне ки Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки кишвар рӯзи 19.07.2016 зимни нишасти матбуотӣ афзуд, дар ин муддат аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат асосан алюминии аввалия, маъдани оҳан, консентрат, фулузот, сангҳои қимматбаҳо, нахи пахта ва маҳсулоти меваю сабзавот содир шуда харидори асосии алюминии аввалияи тоҷик Русия ва Туркия буданд.
- Воридоти мол асосан аз Русия, Чин, Қазоқистон, Туркия, Туркманистон, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон ва АМА сурат гирифта он аз таҷҳизотҳои технологию барқӣ, оҳан ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ, гандум, оксиди алюминий, гази моеъ, равғани растанӣ, чӯбу тахта, маҳсулоти пластикӣ, нуриҳои минералӣ, шакар, орд ва гӯшти парранда иборат буд, - қайд намуд Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори ниҳоди гумрукии кишвар.
СССР