ХАБАРИ ДОҒ

Дипломи СССР ба Гулбаҳор Маҳкамова тақдим гардид

  • Ҷумъа, Окт 07 2016

Дипломи Газетаи мардумии СССР «Тоҷири муваффақи 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон» ва тӯҳфаи рамзӣ ба Гулбаҳор Маҳкамова, раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон шоми 06.10.2016 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» ботантана супорида шуд. 

 

Бояд қайд намоем, ки хонум Гулбаҳор Маҳкамова, ки ҳамзамон раисии ширкати қарздиҳии «Имон интернешнл»-ро дар кишвар бар дӯш дорад, ғолиби лоиҳа – озмуни «25 тоҷири муваффақи 25 соли истиқлоли Тоҷик», ки тайи 3 моҳ тавассути Газетаи мардумии СССР амалӣ ёфт, гашта дар байни занҳои соҳибкор аз рӯи овоздиҳӣ мақоми 1-умро сазовор шуд. 

Диплом ва тӯҳфаи рамзиро ба хонум Гулбаҳор Маҳкамова мухбири Газетаи мардумии СССР ва масъули лоиҳа – озмуни номбурда Ҷамила Ҳусейнова дар радифи маросими ҷоизасупории озмуни бонувони соҳибкори ҷумҳурӣ «Фараҳ 2016», ки маротибаи 3 аст, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар кишвар баргузор мегардад, тақдим намуд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter