ХАБАРИ ДОҒ

Аз 20 то 22.09.2016 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар доираи ҷадвали давлатҳои Гурӯҳи Авросиё (ГАО) дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди Президенти ҶТ, Агентиии омори назди Президенти ҶТ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ВКД, КДАМ, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ, Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди БМТ, Ассотсиатсияи бонкҳои ҶТ, Ассотсиатсияи аудиторони ҶТ, Иттифоқи адвокатҳои ҶТ, мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо), ширкатҳои суғурта ва ширкатҳои аудиторӣ барои омодабошии ҶТ ба баҳогузории тарафайни Гурӯҳи Авросиё семинари таълимӣ гузаронида шуд. Қабл аз оғози чорабинӣ, Раиси БМТ-Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати котиботи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро таҳти сарварии котиби иҷроияи Гурӯҳи Авросиё ҷаноби Нечаев В.П, ба ҳузур пазируфт. Мулоқот оид ба зарурати омодагии ҶТ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунисозии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҶТ, ки дар соли 2017 дар назар гирифта шудааст, баргузор шуд. Зимни мулоқот ва мубодилаи афкор ҷонибҳо аз натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомёфта ва омодабошӣ ба даври навбатӣ сухан ронда, изҳори умедворӣ карданд, ки маълумотҳои дар семинар пешниҳодшаванда аз ҷониби иштирокдорон дар тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ дар самти идораи самараноки хавфҳои марбут ба қонунисозии даромадҳо ва маблағгузории терроризм самаранок истифода бурда хоҳанд шуд. Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисони Гурӯҳи Авросиё ба иштирокдорон дар мавриди мутобиқати баҳодиҳии меъёрҳои техникӣ, хатар ва дарки он ҳини баҳодиҳии тарафайн, нақши мақомоти дахлдори давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ҷараёни баҳодиҳии тарафайни Гурӯҳи Авросиё, истифодаи маълумоти васеъ ва саҳеҳ дар самти муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешкаш карда, ба иштирокдорони семинар бо овардани мисолҳо аз таҷрибаҳои беҳтарини дигар кишварҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Дар навбати худ иштирокдорони семинар оид ба таҷрибаҳои хеш ва тарзу усулҳои ба роҳ мондани назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм дар идораву ташкилотҳояшон сухан ронда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан, изҳори боварӣ карда шуд, ки чорабиниҳои мазкур дар пешбурди фаъолияти низоми молиявии мамлакат, ташаккули равобити хуби корӣ бо Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм, табодули таҷриба байни ташкилотҳои қарзӣ ва тарзи дурусти истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ мусоидат хоҳад кард. Шоистаи зикр аст, ки дар семинари мазкур вохӯрии намояндагони Гурӯҳи Авросиё бо Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравии татбиқи меъёрҳои муқовимат ба қонунисозии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризми назди Ҳукумати ҶТ баргузор шуда, ба иштирокдорони семинар оид ба саҳми Комиссия ба ҷараёни баҳодиҳии тарафайн, натиҷаҳо ва таҷрибаҳои қаблии баҳогузории тарафайн маълумот дода шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҶТ соли 2014 аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё ва Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба расмикунонии пул (ФАТФ) ба қатори кишварҳое, ки ба талаботи тавсияҳои ФАТФ комилан ҷавобгӯянд, ворид карда шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter