Душанбе, 20 феврали соли 2017. Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 27 феврал ба иҷрои хатсайри Душанбе Пекин Душанбе шурӯъ менамояд.
Дар ин бора котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.
Парвозҳо аз Душанбе ба Пекин рӯзҳои душанбе соати 16:40, тариқи ҳавопаймои бароҳати Боинг 757 200 сурат мегиранд ва аз Пекин ба Душанбе рӯзҳои сешанбе соати 3:30 шабона до вақти Пекин анҷом меёбанд. Вақти расидан ба Душанбе 07:10. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин 5 соат 30 дақиқа. Давомнокии парвози хатсайри Пекин Душанбе 6 соат 40 дақиқа.
Арзиши чипта дар ду самт 1 748 сомонӣ.