ХАБАРИ ДОҒ

Агроинвестбонк лимитро 1000 сомонӣ кард

  • Панҷшанбе, Фев 23 2017

Агроинвсетбонк ҳамакнун рӯзе ба мизоҷон то 1000 сомонӣ медиҳад, вале $1 ё 100 рубли русӣ не. Мушкили калидӣ кай ҳаллу фасл мешавад? Хабарнигори мо дар Хатлон гузориш медиҳад. Мо Метавонем!

 

Нурова Гулрафтор Ҷабборовна, сокини н.Бохтар дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки «фарзандонам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд ва аз ин ҳисоб дар Агроинвестбонки ш.Қурғонтеппа ба маблағи 1.000.000 рубли русӣ маблағ гузошта будем ва онро ҳар ҳафта мегирифтем. Ҳафтаи гузашта 8000 сомонӣ гирифтем ва  ҳоло бошад шароитамон хело вазнин аст. Ҳамарӯза назди ин бонк ҳастему талош дорем, ки маблағ гирем. Фарзандам дар хона бемор, дар оилаи мо касе кор намекунад. Кормандони бонк ваъда додаанд, ки бо андак сабр мо ба шумо маблағи муайянро мепардозем».

Дар ҳамин маврид Ҷумаев Амиршо-иҷрокунандаи вазифаи директори Агроинвестбонк мегӯяд, ки «ҳоло вазъи фаъолияти бонк хело хуб шудааст. Тавре ба ҳама маълум, Агроинвестбонк барои муштариён 500 сомонӣ лимит дошт ва мутаассифона ин лимит ба 50 сомонӣ расид. Вале бо дастгирии бевоситаи  президент, ҳоло дар банкоматҳои мо ҳамарӯза маблағ ҳасту онро назорат мекунем. Нафақагирон маошашонро бе ягон мушкилӣ, метавонанд дар як рӯз 1000 сомонӣ, гиранд. Лек нафароне, ки маблағи зиёдтар доранду хоҳиши якбора гирифтанро доранд, мо онро ба пуррагӣ дода наметавонем. Зеро ҳамаи мизоҷон дархости маблағи пурраро кунанд, бонк дар ҳоли ҳозир шароити пардохт  надорад…».

Амони Бахтиёр-сокини ш.Қурғонтеппа мегӯяд, ки вақте аз хориҷи кишвар рубли русӣ мефиристанд ман ҳамчун шаҳрванд ҳақ дорам, ки асъори русӣ дастрас кунам. Ё худ чаро ба ман аз хориҷи кишвар доллари ИМА мефиристанд, доллару рубл неву сомонӣ медиҳанд? 

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter