ХАБАРИ ДОҒ

Турсунзода-диёри Наврӯзи бостонӣ

  • Чоршанбе, Май 10 2017

Хонандагони азиз! Чуноне ки огоҳ ҳастед, мухбирони Газетаи мардумии СССР дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ» ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо дархосту пешниҳоди шумо ба қабули раиси дилхоҳ шаҳр ва ё ноҳияи кишвар мераванд. Мераванд, то бубинанд, ки то куҷо раис ба мардуми оддияш дастрас асту чӣ коре барои сокинон кардааст. Ин маротиб мо шаҳри Турсунзода-муҳимтарин ва калонтарин шаҳри наздимарзии кишварро интихоб кардем.
Дар тӯли 2 ҳафтаи охир 2 маротиба ба ин шаҳр сафар кардам, нахуст, дар танҳоӣ ба қавле Турсунзодаро чарх зада, бо мардум сӯҳбат намудам, бори дуюм ба қабули раиси ш.Турсунзода-Сиҷоуддин Саломзода рафтам, танҳо не, бо мардум! Хуб, дар ин шаҳр мухбири СССР чӣ диду чӣ шунид, ҳатман бароят хоҳам гуфт, хонандаи азиз! Бо мо бош, ки Мо Метавонем!



Турсунзода-шаҳри Мирзост
Пешопеш бояд қайд намоям, ки ш.Турсунзода бо мардуми ҳимматбаланду сахӣ, фарзандони далеру шуҷоъ, ангуру меваҳои шаҳдбораш шӯҳрат дорад ва чуноне ки худи турсунзодагиён мегӯянд, сарзаминашон аз номи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир ва шахсияти барҷаста Мирзо Турсунзода файзу бараккати тоза ёфтааст. Ин аст, ки имсол таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз маҳз дар ш.Турсунзода баргузор гашт ва ин рамзист, зеро мардуми кӯҳанбунёди он дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накӯтарин анъанаҳои миллӣ саҳми бориз доранд. Наврӯзи Турсунзода чӣ гуна буду чӣ тавр гузашт, ҳамаи мо хуб дидем. Воқеан, мардуми ин шаҳр тавонистанд бо азму иродаи қавии хеш суннатҳои неки аҷдодиро идома дода, бо корҳои ободониву сабзкорӣ, бунёди боғҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили хеш, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба деҳот, беҳтарин намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва фарҳангу ҳисси миллии худ Наврӯзи байналмилалиро дар сатҳи олӣ пешвоз бигиранд.
Дар баробари оғози чорабиниҳои асосии фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳр, ки субҳи 21.03.2017 бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми масъулину намояндаҳои корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон баргузор гашта буд, дар 124 деҳаи шаҳр низ тантанаҳои мардумии наврӯзӣ оғоз шуда, мардуми ин сарзамин сари хон ҷамъ омада, бо шодиву сурур иди бостониро таҷлил мекарданд. Наврӯзи Турсунзода имсол дарвоқеъ мардумӣ буд!

 Шавад шаҳр аз биноҳои нав обод!
Дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай дар кӯчаи Аҳмади Дониш бо ширкати президенти кишвар 1 бинои нави 6-ошёна бо маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Ин бино аз 4 қисм иборат буда, бо маблағи 11 миллиону 500.000 сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ғаффоров бунёд шуда, он аз 153 манзили истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрадор иборат аст ва масоҳати умумии хонаҳои истиқоматӣ, ки бо тарзи миллии меъморӣ сохта шудаанд, 5 ҳазору 750 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонии бино бо маркази хизматрасонӣ дар ошёнаи 1-и он соли 2015 оғоз шуда буд.
Лоиҳаи бино аз тарафи ҶДММ «АРХ Строй» тарҳрезӣ шуда, пудратчиён ҶДММ «Капитал АА-2014» ва ҶДММ «Соҳиб Дӯст» мебошанд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ то 50 тан коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Саҳни бино ба таври муосир оро ёфта, барои фароғату бозии хурдсолон майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шудааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар маркази хизматрасонии он наздики 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин шуданд. Минбаъд меҳмонону сокинони шаҳр метавонанд дар ин ҷо аз навъҳои гуногуни хизматрасонии ба талаботи замон ҷавобгӯ баҳравар шаванд. Боз 1 иншооти дигаре, ки соли ҷорӣ дари хешро барои мардуми ш.Турсунзода боз кард, ин маҷмааи «Кохи нур» аст, ки барои саргармии кӯдакону наврасони шаҳр бунёд ёфта, дар 1 вақт имкони қабули 200 нафарро дорад. Он аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи 3 млн сомонӣ қомат афрохтааст. Дар 2 соли охир бошад бо ташаббуси раиси шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ дар кӯчаву хиёбонҳо беш аз 1000 лампаи замонавии равшанидиҳанда ба ҷои лампаҳои кӯҳнаи шӯравӣ насб шуда, ин кор ҳоло ҳам идома дорад. Саломзода тасмим гирифтааст Турсунзодаро пурра чароғон кунад.

 Гармхонаҳо ва усули қатрагӣ
Мутахассисон ва кишоварзони ш.Турсунзода ҳамеша мекӯшанд, ки аз навгониҳои муосир истифода ва дар фаъолияти хеш таҷриба намоянд. Ин аст, ки солҳои охир деҳқонони шаҳр солҳои охир рӯ ба бунёди гармхонаҳо оварда, маҳсулоти тару тозаро яке аз нахустинҳо шуда, ба бозори истеъмолӣ, аз ҷумла, пойтахт ҳам мебароранд. Дар ин самт яке аз деҳаҳои пешқадам деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчиев аст. Сарвари давлат зимни сафари худ ба ш.Турсунзода маҳз аз гармхонаҳои он дидан намуда буд.
Роҳбари хоҷагии «Саховат-1»-и ин деҳа деҳқони ботаҷриба Абдуллоҷон Ҷӯраев буда, гармхонаҳои хоҷагӣ дар масоҳати 0,50 га бунёд шудааст. Дар гармхонаи 1-уми хоҷагӣ, ки масоҳати умумии он 0,8 га ва гармхонаи 2-юм 0,12 гектарро ташкил медиҳад, помидори навъи «Белла F-1» шинонида шудааст. Дар ҳар 2 гармхона 5 ҳазору 800 бех ниҳоли помидор нумуъи хуб дорад. Обдиҳиву ғизодиҳии помидор ва бодиринг, ки асоси даромади ин хоҷагист, бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати умумии заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии «Саховат-1» 3,1 гектарро ташкил дода, дар баробари парвариши маҳсулот дар гармхонаҳо ҳамчунин дар майдони 2 га сабзавот, аз ҷумла, 1 га пиёз, 1 га бодиринг ва 0,60 га ғалла кишт карда шудааст. Дар хоҷагии деҳқонии «Доно» бошад дар масоҳати 0,10 га гармхонаҳо бодиринги навъи «Парма» ва дар дигар қитъаҳо беш аз 6000 бех ниҳоли помидори навъи «Мадина» шинонида шудааст. Аз рӯи маълумоти роҳбари хоҷагӣ Абдусалом Холбеков, аз с.1996 то имрӯз саҳмдорони хоҷагӣ бо гирифтани ҳосили баланд дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот содироти онро ба хориҷ ба роҳ монда, даромади хуби иқтисодӣ мегиранд.

 Инноватсияҳои наву боғҳои интенсивӣ
Яке аз бурди кишоварзони шаҳр дар он аст, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушди истеҳсолот ҳастанд ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шудаанд. ҶДММ “Агросаноат”, ки шумораи кормандонаш аз 500 нафар ҳам мегузарад, намунаи чунин ҷамъиятҳост. Ин корхона дар ихтиёри худ  869 га замини корам дорад. Аз масоҳати умумии майдони кишт 769 га замини обӣ, 100 га лалмӣ ва бештар аз 2 гектари дигарро боғи интенсивӣ ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ истеҳсол, азхудкунӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорист. Дар фермаи ширию гӯштии хоҷагӣ, дар айни замон 437 сар гови хушзоти “Симинтал” аз давлати Олмон ворид карда шуда, парвариш меёбад.
Афзалияти технологияи инноватсионӣ дар сарфаи об аст. Нуриҳои минералӣ ва коркарди байни қаторҳо кам шуда, тавассути чунин усул замин аз шӯршавӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар ҷамъ бошад кишоварзони ш.Турсунзода ният доранд имсол дар масоҳати 2500 га пахта кошта ҳудуди гармхонаҳои шаҳр имрӯз ба 15 га мерасад.

 Раисе, ки ба гуфтааш вафо мекунад!
22.04.2017. Соат бо вақти Турсунзода 9:30 дақиқа. Ман, ки аз пойтахт то ба ин шаҳр каме дер расидам, фикр кардам, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр-Сиҷоуддин Саломзода ба охир расидааст. Вале гумонам хато баромад. Раис қабули мардумро дар толори асосии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки ҷои баргузории маҷлисҳои ҳукумат низ буд, идома дошт.
«Ман ба қабули раис омадаам»-гуфтам ба навбатдори назди дари бинои ҳукумат ва ӯ маро бидуни пурсишу посух ба ошёнаи 2-юм роҳнамоӣ кард. Ба касе чизе нагуфта, ба толор даромадам ва курсиеро дар 1 гӯша интихоб карда нишастам. Саломзода назди 1 пиразани солхӯрда рост истода, бо ӯ ҳарф мезад. Чун пиразан бо забони ӯзбекӣ фикрашро баён мекард, раис низ бо ӯ бо забони ӯзбекӣ гап мезаду саволу ҷавоб менамуд.
Офарин, раис! Зеро бори нахуст нест, ки бо забони ӯзбекӣ сӯҳбат кардани Саломзодаро мебинам. Бештари мардуми шаҳр ӯзбекзабонанд ва чанде пеш ман дар бораи 1 бозори ҷанҷолии ҷамоати Пахтаободи шаҳр матлабе навишта будам. Пас аз он матлаб бо сокинони 5 деҳаи ҳамин ҷамоат ба қабули раиси шаҳр низ рафтам. Он замон низ Саломзода мардумро бе ягон огоҳӣ қабул кард, арзу додашонро шунид, ба мӯйсафедон бо забони ӯзбекӣ муроҷиат карда гуфта буд, ки то бозори ҷанҷолӣ камбудиҳояшро тибқи талаботи лозима ислоҳ ва дуруст накунад, фаъолият карда наметавонад. Баъдан ӯ ба қавли ба мардум додааш вафо кард: пас аз тозаву ба тартиб омадани атрофи бозор он ба кор сар кард.
Саломзода мутахассиси болаёқати соҳаи гидроэнергетика буда, то ин дам дар чандин объектҳои муҳими стратегии мамлакат кор карда, таҷрибаи ғанӣ дорад.

 Мулоқот бо мардум идома дорад!
Қабули шаҳрвандон расо соати 10:00 дақиқа тамом шуд. Дар ин шаҳр низ аксари мардум ба раис дар бораи ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ, кишоварзӣ, проблемаҳои коммуналӣ ва кишоварзӣ арз карданд. Фикр кардам, ки акнун фурсат пеш омад, ки бо раис каме ҳам бошад сӯҳбат карда, ба пойтахт бармегардам. Лек, ин тавр нашуд. Саломзода пас аз салому алейк ва аҳволпурсӣ гуфт:
«Мулоқоти ман бо мардум дар ҷамоати Қаратоғ идома дорад ва ҳозир дар якҷоягӣ бо мӯсафедон он ҷо меравем. Шумо ҳам бо мо меравед?»-пурсид раис. Дарҳол ҷавоби мусбӣ дода, аз паси раис рафтам, зеро ин беҳтарин воситаи дидани бархӯрди раиси шаҳр бо мардум дар маҳалҳо буд.

Ҳоҷӣ Камол, Ҳоҷӣ Неъмат ва Ҳоҷӣ Андропов – шарикони Саломзода
22.04.2017. Соат бо вақти Турсунзода 11:00 дақиқа. Дар назди бинои ҳукумати шаҳр 1 микроавтобус истодаву дохили он мӯсафедон нишастаанд. Саломзода бо ҳар якашон аҳволпурсӣ намуд ва дохили салони нақлиёт шуда, дар бари кишоварзи шинохта, ангурпарвар Ҳоҷӣ Камол нишаст. Микроавтобус сӯи ҷамоати Қаратоғ роҳ гирифт. Аз сӯҳбати мӯсафедон ва пирони кор фаҳмидам, ки маҳз бо ташаббуси С.Саломзода наздики 13 нафар пирони рӯзгордида ва обрӯманди шаҳр, амсоли Ҳоҷӣ Камолу Ҳоҷӣ Неъмат ва Ҳоҷӣ Андропов-чунин аст тахаллуси яке аз пирон, ҷамъ омада, ҳафтае 1 маротиба бо раиси шаҳр назди мардум ба деҳаҳо мераванд, бо сокинон во мехӯранд, аз мушкилоташон мешунаванду проблемаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Пири кор, ангурпарвари шинохтаи Тоҷик Ҳоҷӣ Камол мегӯяд, ки бо Саломзода дар ин муддат ба дурдасттарин деҳаҳои шаҳр, ки худ боре надидаасту нарафтааст, сафар кардааст. «Ин раиси мо қарор надорад, ҳар рӯз ҳатман мулоқот дорад, бо ҷавонон, хонандагон, тоҷирон, духтурон, мардуми оддӣ, бо ҷамъияти русзабонон. Раис зиёд мегардад, аз даъвати мардум рӯ наметобад, мардум ӯро хуб мешиносанд, раиси мардумдӯстдор аст, мардумгурез нест!», - меафзояд Ҳоҷӣ Камол.

 Ҷангали Турсунзодаро ӯ тоза кард
Мардуми Турсунзода аз он меболанд, ки бо омадани Сиҷоуддин Саломзода ба курсии раисӣ шаҳр поку тоза ва ободтар шудааст. Тайи беш аз 1 соли охир аз микрорайонҳои шаҳр даҳҳо тонна партов бароварда ва кӯчаҳои шаҳр гулу гулзор шудаанд. Муҳимтарин коре, ки дар самти тозагии Турсунзода раис анҷом дод ин пок кардани қитъаи ҷангале буд, ки 1 қисмати шаҳрро иҳота кардааст. Ҷангале, ки то ин дам ҷои тарсу ваҳм ва фаҳшу фуҷур буду ҳатто кормандони мақомоти қудратии шаҳр барои даромадан ба он меҳаросиданд, бо омадани Саломзода тозаву обод шуд. Бо ҳашару шанбегиҳои дастаҷамъонаи мардум пас аз 25 соли фаромӯшӣ ин ҷангал пок гардида, ҳоло бархе аз қитъаҳои он ҷои истироҳат ва дамгирии сокинони шаҳр гаштааст.
Сокинони шаҳр мегӯянд, ки раисашон 1 хислат дорад: ҳар иду ҷашн, ё чорабиниҳои фарҳангиву давлатиро бо навбат дар ин ё он гӯшаи Турсунзода баргузор ва бо ин восита он маконро обод мекунад. Мисли он ки пас аз чандин солҳо маҳз бо ташаббуси Саломзода қабристони русҳои шаҳр тозаву обод шуда, ба тартиб даромад ва шаҳрвандони русзабони Турсунзода дар ин кор аз раис миннатдоранд.

 Ҷавонмарди қаратоғӣ
22.04.2017. Соат бо вақти Қаратоғ 11:30 дақиқа. Корвони мо ба маркази деҳаи Ориёни ҷамоати Қаратоғ мерасад. Мардуми деҳа моро бо хушнудӣ қабул мекунанд. Дар оғози мулоқот бо мардуми қаратоғӣ раис қайд менамояд, ки ин деҳа дар озмуни «Беҳтарин деҳаи шаҳри Турсунзода», ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи фархундапай дар шаҳр эълон шуда буд, беҳтарин дониста шудааст. Раис бо чунин ғолибият ва дастовард мардумро табрик карда, ба раиси деҳа дипломи махсуси шаҳрдории Турсунзодаро бо тантана месупорад. Пас аз ин сар мешавад сӯҳбати раис бо мардум. Барои ман аҷиб он буд, ки Саломзода пеш аз оғози мулоқот 2-3 маротиба таъкид дошт, ки «Ман ҳам мисли ҳар яки шумо ҷавонмарди қаратоғиям!». Чунин бархӯрди Саломзода мардумро боз ҳам болидатар кард… Ҳоҷӣ Неъмат, ангурпарвари дигари шинохтаи Тоҷик мегӯяд, ки Саломзода ҳамин хел хислат дорад, ӯ ба куҷое равад, худро зодаи ҳамон маҳал мегӯяд, ҳамин аст, ки раис ҳафтае сешанбегӣ, ҳафтаи дигар пахтаободӣ, ҳафтаи 3-юм ширкентӣ ва ҳафтаи 4-ум қаратоғӣ мешавад. Хислате, ки на ҳар раис дорад!

Дари ман ба рӯи мардум ҳамеша боз аст!
Сиҷоуддин Саломзода мегӯяд, ки дари утоқи корияш ҳамеша барои мардуми корафтода боз аст ва ҳеҷ гоҳ дар интизори рӯзи қабул нашуда, шаҳрвандоне, ки мушкили воҷиб доранд, мепазирад. Барои боз ҳам наздиктару дастрас шудан ба мардум телефонии «Боварӣ»- 8 (3130) 2 77 77-ро ба роҳ мондааст ва ин амал аллакай вокуниши хуб нишон медиҳад, зеро гӯшии телефони бовариро бевосита худи раис мебардорад.
Боз 1 нуктаи муҳими муваффақияти Саломзода дар он аст, ки ӯ такягоҳи азим дорад ва ин такягоҳ зертобеон-командааш ҳастанд. Сар карда аз муовинони аввалу баъдӣ, сардорони раёсатҳову шӯъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳама кадрҳои соҳибкасб буда, самтҳои кории худро хуб медонанд. Маҳз ҳамин команда аст, ки проблемаҳо дар аксари вақт то ба рӯи мизи кории раиси шаҳр расидан, ҳалли худро меёбанд.
Ин буд он чизе, ки мухбири СССР тавонист дар 1 рӯз дар ш.Турсунзода ва бо раиси он Сиҷоуддин Саломзода бубинад, бишнавад ва бубинад. Бе шубҳа Саломзода раиси мардумист ва ӯ метавонад! Мо ҳам Метавонем!


Ҷамила Ҳусейнова,
22.04.2017, аз ш. Турсунзода

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter