ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» мегӯяд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ-«Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» дар назди ширкат қарзҳои ҳангуфт доранд ва бо гузашти муддати зиёд аз пардохти он саркашӣ мекунанд.
Илҳомҷон Соҳибов, раиси ширкати мазкур дар 1 сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР гуфт, ки то ба имрӯз қарзи 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар назди ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» то ба 184 миллион сомонӣ расидааст ва бо сабаби конвертатсияи асъори хориҷӣ, ширкат алакай 18 миллион зарари молӣ низ дидааст.
- Мо маводи сӯзишворӣ, хоса керосини аълосифатро аз Русия бо пешпардохт харидорӣ менамоем, зеро бо пешпардохт қиммати сӯзишворӣ нисбатан арзонтар аст. Мо айни замон дар масъалаи пардохт бо ягон ширкати хориҷӣ мушкил надорем, проблема асосии мо имрӯз ин сари вақт пардохт накардани қарзҳо аз тарафи ширкатҳои «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» мебошад. Новобаста аз реҷаи имтиёзноки пардохти пули сӯзишворӣ, ин 2 ширкат ҳоло тамоман маблағ пардохт намекунанд ва ин зарари ҷиддӣ ба самти фаъолияти кории мо ҳам зада истодааст,- таъкид дошт Илҳомҷон Соҳибов.
Канӣ, монополия!?
Дар идомаи сӯҳбат мавсуф иброз намуд, ки тайи 10 рӯзи охир ширкати «Сомон эйр» азонҳо маводи сӯзишворӣ намегирад ва ҳавопаймоҳои хатсайрҳои он дар шаҳрҳои Бишкеку Чимкент ист намуда керосин харидорӣ ва захира мекунанд.
- Борҳо мегӯянду менависанд, ки керосини авиатсионӣ дар Тоҷикистон монополия шудаасту ширкатҳои ҳавопаймоҳои ватанӣ имкони харидорӣ намудани онро дар хориҷ надоранд. Аммо, бубинед, ҳоло ҳам ҳавопаймоҳои «Тоҷик эйр» ва хам «Сомон эйр» дар фурудгоҳхои Бишкеку Чимкент фуруд омада керосин мехаранду захира мекунанд ва касе ин корро барояшон манъ накардааст, пас ку, монополия!? Нархи 1 тонна керосини авиатсионии мо тайи 1 соли охир тағийр накардааст- $1120, он ҳам бо назардошти тамоми хароҷоти роҳ, барасмиятдарории гумрукӣ ва дихар боҷу хадамотҳо. Дар Бишкек 1 тонна керосин $ 720, дар Чимкент $926 ва дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон он $1250 аст. Фарқияти нархи мову Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон зиёд нест ва бояд онро ба назар гирифт, ки роҳашон наздиктар буда бархе кишварҳо боҷи гумрукӣ намесупоранд ва ин омил ба нархи маҳсулот таъсир мегузорад, - гуфт Илҳомҷон Соҳибов.
Бояд қайд намуд, ки тайи 10 рӯзи охир ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ-«Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» дучори мушкилоти зиёд гашта қариб, ки тамоми хатсайрҳояшон бо таъхир меояд ва аз ин ҳолат азияти бештарро мусофирон мебинанд.
СССР